АЁДАТИ ОИЛАИ САРБОЗ
2026-07-02 09:38:05
аиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ ба деҳоти Шинг бо волидони сокини деҳаи Ғиждарва Одил Исломзода, ки ҳангоми адои хидмати ҳарбӣ ба асари ҳодисаи нохуш ҳалок шуда буд, мулоқот намуд.
Зимни сӯҳбат ба онҳо барои тарбияи фарзанди шуҷоъу ватандӯст изҳори сипос карда, барояшон сабру таҳаммул хоста, гуфта шуд, ки хотираи ин сарбози ҷавонмарг ҳамеша пос дошта мешавад.
Ба оилаи сарбоз кӯмаки молиявӣ расонида шуд.