БОЗДИД АЗ РАФТИ БУНЁД ВА ТАЪМИРИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ
2026-07-02 09:26:43
Дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгири мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент дар деҳоти Шинг, ки аз минтақаҳои дурдасти кӯҳии шаҳри Панҷакент маҳсуб мешавад, соҳои охир барои муассисаҳои таълимӣ ҳафт бинои замонавӣ бунёд карда шудааст.
Зимни сафари корӣ ба деҳоти Шинг раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар деҳаи Рашнаи поён бо рафти сохтмони муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 63, ки бо маблағгузории буҷети вилояти Суғд сохта мешавад, шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки бинои нав барои 600 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, ҳоло бинокорони ширкати сохтмонии “СУ-3” ба корҳои болопӯшкунӣ, андоваю пардозгарии бино машғул ҳастанд.
Ба масъулини ширкат барои дар мӯҳлати пешбинишуда ба анҷом расонидани сохтмони таълимгоҳ дастур дода шуд.
Дар идомаи сафари корӣ дар ҷараёни шиносоӣ бо рафти омода намудани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 63-и деҳаи Ғиждарва, ки 210 нафар хонандаро ба таҳсил фаро мегирад, ба фаъолони деҳа, омӯзгорон барои иваз намудани бомпӯши таълимгоҳ, таъмири босифати он ба соли нави таҳсил, истифодаи босамари замини ҳудуди он дастур дода, гуфта шуд, ки таъмини шиферро барои нав кардани бомпӯши он мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ба ӯҳда мегирад.