РАФТИ БАРТАРАФ КАРДАНИ ОҚИБАТИ СЕЛ ДАР ДЕҲАИ РОҶИ ДЕҲОТИ АМОНДАРА
2026-06-20 14:55:25
Баъди нимарӯзии 19 июн ба асари борони пуршиддат сел омада,ба деҳаи Роҷи деҳоти Амондара шаҳри Панҷакент хисороти ҷиддӣ ворид намуд.
Ҳайати кории Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бегоҳи дирӯз аз ҷои ҳодиса дидан намуд.
Тавре дар шӯъбаи шаҳрии Кумитаи ҳолатҳои фавқуло да ва мудофиаи граждании шаҳр иттилоъ доданд,тибқи ҳисоби пешакӣ ба асари сел ба 29 хона ва иншооти ёрирсон лою қум ворид шуда,ба роҳ,хати барқ, оби полезӣ ва нӯшоки зиёни ҷиддӣ ворид шудааст.
Аз субҳи имрӯз техникаҳои зарурӣ даставвал ба барқарор намудани роҳи деҳа пардохтанд ва ҳоло ин кор идома дорад.
Ба бартараф намудани оқибати сел сокинони деҳа низ сафарбар шудаанд.
Гурӯҳи корӣ ба мушаххасан ҳисоб намудани зиёни аз офати табиӣ расида пардохт.
Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо роҳбарии муовини аввали раиси вилоят Суҳайлӣ Қурбонзода ҳамроҳ бо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода бо дастури Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаб Аҳмадзода аз ҷои ҳодиса дидан намуда,бо сокинон сӯҳбат намуданд.
Гуфта шуд,ки барои бартараф кардани оқибати офати табиӣ ва кӯмак ба зиёндидагон аз ҳамаи имкониятҳо истифода карда мешавад