Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ
single-product

МОДАРОНИ ВАҲДАТСАРО ДАР ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ

2026-06-17 10:37:47

Гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии занони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Навои модарони ваҳдатсаро» дар ҳайати бонувони фаъол, адибон, кормандони масъули Кумита ва шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар доираи нақшаи омодагиҳо ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳри Панҷакент боздид намуданд.
Онҳоро дар даромадгоҳи шаҳр муовинони раиси шаҳр ва бонувони фаъол пазироӣ намуданд.
Аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ дар қисми низомии Вазорати мудофиаи мамлакат воқеъ дар шаҳри Панҷакент бо афсарону сарбозон мулоқот намуда, бо шароити хидмати онҳо шинос шуданд ва ба он баҳои баланд доданд.
Дар мулоқот бо бонувони фаъол дар деҳоти Лоиқ Шералӣ сухан аз нақши занон дар таҳкими ваҳдати миллӣ, таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба баланд бардоштани мавқеи занон, таҳкими оиладорӣ чун ниҳоди ибтидоии ҷомеа ва дигар масъалаҳои мубрами ҳаёти бонувон рафт.
Дар интиҳои сафар аъзоёни гурӯҳи тарғиботӣ аз бостоншаҳри Саразм дидан намуда, оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро дар деҳаи Панҷруд зиёрат намуданд