Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД, ПЕШВОИ АЗИЗИ МИЛЛАТ!
single-product

ЗОДРӮЗ ХУҶАСТА БОД, ПЕШВОИ АЗИЗИ МИЛЛАТ!

2023-10-06 16:09:48

Бо як ҷаҳон садоқату самимият ва ифтихору сарафрозӣ бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва қадамҳои устувори Ватани азизамон дар роҳи рушд, боло рафтани обрӯ ва нақши он дар арсаи байналмилалӣ Шумо- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз номи мардуми шаҳри Панҷакенти бостонӣ бо санаи фархундаи зодрӯзатон табрик менамоем.
Ба шарофати сиёсати созанда, дурандешона, инсонпарварона ва ҷоннисорию қаҳрамониҳои Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ Тоҷикистон рӯзҳои душворро паси сар намуда, имрӯз мардуми шукргузори мо дар фазои сулҳу субот умр ба сар мебаранд.
Барҳақ, эъмор ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, фаъолияти созанда барои муттаҳидии миллат ва барқарор намудани сулҳу субот, рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди бузургтарин иншоотҳои аср, баланд бардоштани обрӯю нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ чун давлати сулҳофару ташаббускор бо номи Шумо - муҳтарам Пешвои муаззами миллат пайвастаанд.
Хеле рамзӣ аст, ки зодрӯзи мубораки Шумо ба Рӯзи забони давлатӣ рост меояд.
Ифтихормандем, ки ба шарофати Шумо забони ноби модарии мо аз минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ садо медиҳад, пуштибонӣ ва арҷгузорӣ ба забону фарҳанг, таърихи ғановатманд ва фарзандони барӯманди он ба меҳвари сиёсати иҷтимоию фарҳангии давлат қарор гирифтааст.
Бо итминон изҳор медорем, ки мардуми Панҷакенти бостонӣ чун ҳамеша ҷонибдори сиёсати созанда ва инсондӯстонаи Шумо - муҳтарам Пешвои муаззами миллат ҳастанд ва Шуморо ҳамчун Пешвои инсоният медонанд.
Бо камоли эҳтиром ба Шумо - муҳтарам Ҷаноби Олӣ, саломатии бардавом ва ба Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳу осоиштагии пойдор ва шукуфоӣ орзу мекунем.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти
давлатии шаҳри Панҷакент