САФАРИ КОРИИ МУОВИНИ САРВАЗИР БА ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ ВА ШИНОСОӢ БО ВАЗЪИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ
2026-04-14 16:14:31
Рӯзи 14 апрели соли равон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди кишоварзӣ ва амнияти озуқуворӣ ҳайати ҳукуматӣ таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурӣ Сулаймон Зиёзода ба шумули вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ва сардори раёсати кишоварзии вилояти Суғд Маъруфҷон Шарифиён зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент бо рафти кишту кори баҳорӣ, истифодаи заминҳои кишт, бунёди боғу ток, омодагии иншооти обёрӣ шинос шуданд.
Ҳайати корӣ ҳамроҳ бо раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода даставаал аз нахустин боғи писта, ки дар заминҳои мавзеъи Дашти Қозии деҳоти Ёрӣ бунёд шудааст, шинос шуд. Ба кишоварзон, ки барои онҳо парвариши писта таҷрибаи аввалин аст, барои тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ мондани парвариши он дастур дода шуд.
Дар идомаи сафари корӣ муовини Сарвазир ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ҳашари шинонидани картошка дар хоҷагии деҳқонии ба номи Ҷумъа Одина ва хоҷагии ёрирасони муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали шаҳр дар деҳоти Рӯдакӣ иштирок намуданд. Дар ин рӯз бо истифодаи таҷҳизоти катошкашинонӣ ва ҷалби кишоварзон дар майдони наздик ба 10 гектар кишт гузаронида шуд.
Гуфта шуд, ки ин баҳор деҳқонони шаҳр дар майдони 2500 гектар картошка кишт мекунанд ва то имрӯз майдони кишти ин зироати муҳими озуқаворӣ беш аз 1120 гектарро ташкил медиҳад, ки 450 гектари он барвақтӣ мебошад.
Муовини Сарвазири мамлакат аз рафти парвариши картошкаи барвақтӣ ва кишти сабзӣ дар хоҷагии ба номи Мирзо Қиёмови деҳоти Халифа Ҳасан изҳори қаноатмандӣ намуд. Ин ҷо ҳоло коркарди якуми байниқатории картошка идома дорад ва баъди ҷамъоварии ҳосил дар ин заминҳо сабзавот кишта мешавад.
Дар рафти сафари корӣ иқдоми роҳбарияти КМ “Зарафшон” ҷиҳати кишти картошка ва таъмини коргарони корхона бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ муҳим арзёбӣ гардид. Корхона дар ҳудуди деҳоти Саразм дар майдони 200 гектар картошка кишт менамояд.
Дар ҷарёни боздиди корӣ ҳамчунин бо парвариши чорво дар хоҷагии инфиродии соҳибкор Фирӯз Ҷумъаев дар деҳоти Халифа Ҳасан шинос шуда, гуфта шуд, ки зиёд намудани чунин фермаҳои хурд дар таъмини амнияти озуқаворӣ муҳим аст.
Зимни шиносоӣ бо рафти заминкушоӣ дар соҳили дарёи Зарафшон аз ҷониби соҳибкор Мубориз Аҳмедов таъкид шуд, ки идомаи корҳои соҳилбандӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани заминҳои соҳилӣ барои рушди шолипарварӣ заминаи боэтимод мебошад ва ин кор ҳамасола идома дода шавад.
Ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба рафти омодагӣ ва истифодаи иншооти обёрӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, дар рафти шиносоӣ бо фаъолияти пойгоҳи обкашии “Нилуфар” таъкид шуд, ки ҳамаи каналҳои худҷорӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ дар мавсими обёрӣ бояд мунтазам кор кунанд ва ин гарави рӯёнидани ҳосили фаровон аст. Иттилоъ дода шуд, ки имсол ҳолати мелиоративии 1220 гектар замин беҳтар карда мешавад,ки 435 гектари он заминҳои нав мебошад.
Дар фарҷоми сафари корӣ баъди боздид аз боғи интенсивии хоҷагии деҳқонии Ҳаким Қурбонов дар деҳоти Лоиқ Шералӣ дар боғи интенсивии соҳибкор Шавкат Бобоев дар ҳудуди деҳоти Саразм бо масъулони соҳа, кормандони раёсати кишоварзӣ, раисон ва кишоварзони ҷамоатҳои деҳоти шаҳр машварати корӣ доир шуд.
Муовини Сарвазир вазифаҳое, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ва дар сафарҳои корӣ оид ба таъмини амнияти озуқаворӣ, истифодаи босамари замин гузоштаанд, ёдрас намуд.
Таъкид шуд дар шароити муташанниҷи сиёсии ҷаҳон, тағийрёбии иқлим истифодаи босамари ҳар қитъа замин, бунёди боғҳои зудрас,токзори навъҳои серҳосил, ки имкониятҳои содиротии шаҳрро меафзояд, хеле муҳим мебошад.
Ба масъулони соҳа дастур дода шуд, ки кишти баҳориро дар мӯҳлатҳои оптималӣ анҷом дода, парвариши зироат ва боғу токзорро тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба роҳ монда, дар соли таҷлили ҷашни бузурги 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурӣ ба рӯёнидани ҳосили фаровон ноил шаванд.