БАРРАСИИ НАТИҶАҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИВУ ИҶТИМОӢ ДАР СЕ МОҲИ АВВАЛИ СОЛИ 2026
2026-04-14 16:13:16
15 апрели соли равон бо мақсади баррасии рафти иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, суханронҳо зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд, баён шудаанд ва тибқи нақша- чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар маҷлиси фаъолони шаҳр натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр дар се моҳи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ҷаласа муовини авали раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонзода, муовинони раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, воҳидҳои сохтори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳои шаҳр ва дигар шахсони масъул ширкат варзиданд.
Дар ҳисобот оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Панҷакент дар се моҳи аввали соли 2026, ки аз ҷониби муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода ироа гардид, натиҷаҳои фаъолияти ҳамаи соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр, аз ҷумла, нақшаҳои воридоти маблағ ба буҷет, нишондиҳандаҳо дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занону ҷавонон ва варзиш, рафти иҷрои нақшаи омодагиҳо ба 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар соҳаҳо таҳлил карда шуд.
Дар ҷаласа зимни пурсиш аз муовинони раиси шаҳр, роҳбарони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои деҳот таваҷҷӯҳи онҳо ба таъмини рушди босуботи соҳаҳо, иҷрои нақшаҳои пешбинишуда, истифодаи самараноку оқилонаи замин, вусъати кишти баҳорӣ, корҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ҷалб карда шуд.