СОҲИБКОРОНЕ, КИ ДАР ХОНАШОН КОРГОҲ ТАШКИЛ КАРДААНД.
2026-02-27 11:08:32
Сокини маҳаллаи Лаби чашмаи шаҳри Панҷакент устои чӯбкору кандакор Мавлон Рӯзиев аз ҷумлаи ҳамин гуна соҳибкорон аст. Ӯ дар ҳавлиаш коргоҳи истеҳсоли мизу курсӣ ва дигар масолеҳи чӯбӣ ташкил намуда, ҳам фармоиши мизоҷонашро ба ҷо меорад ва ҳам рӯзгорашро таъмини молӣ мекунад.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба ин ҳунари ӯ баҳои баланд дода, маслиҳат дода шуд, ки ҳунарашро ҳарчи бештар ба ҷавонони ҳавасманд омӯзонад.
Сокини дигари ин маҳалла, соҳибкор Илҳом Аҳмадов дар ҳавлиаш парвариши шутурмурғ, бедона ва зоти мурғи шоҳдорро ба роҳ мондааст. Парвариши шутурмурғ дар шаҳри Панҷакент таҷрибаи аввалин буда, харидорони тухму гӯшти он низ кам нестанд.
Ба соҳибкор барои зиёд намудани шумораи ин навъи паррандагон маслиҳат дода шуд. Гуфта шуд, ки ин ду соҳибкор бо ташкили коргоҳи хурд дар ҳавлиашон барои худ ва аҳли оилаашон шуғли даромаднок муҳайё намуда, бо он эҳтиёҷи рӯзгорашонро бароварда месозанд.