Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ЁДГОРИҲОИ ТАБИӢ ВА ТАЪРИХӢ БАРОИ МЕҲМОНОН ВА САЙЁҲОН МУАРРИФӢ ШАВАНД
single-product

ЁДГОРИҲОИ ТАБИӢ ВА ТАЪРИХӢ БАРОИ МЕҲМОНОН ВА САЙЁҲОН МУАРРИФӢ ШАВАНД

2026-02-27 11:06:35

Дар шаҳри Панҷакент ҳоло беш аз 386 ёдгории таърихӣ расман ба қайд гирифта шудаанд, ки шаш адади онҳо – шаҳраки бостонии Саразм, Панҷакенти қадим, шаҳр – қалъаи Санҷаршоҳ, низоми обёрии Фарметан, мақбараи Муҳаммад Башоро, қалъаи Тали Хамтӯда ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шудаанд.
Баробари ин дар шаҳр ёдгориҳои табиию таърихиие ҳастанд, ки ҳанӯз ба таври шоиста муаррифӣ нашудаанд. Яке аз онҳо дарахти тути азими беш аз 500-сола дар маҳаллаи Лаби чашмаи шаҳр аст, ки дар байни мардум ҳамчун Чиллахона ном бурда мешавад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид аз ин ёдгории табиӣ ба шуъбаи ҳифзи муҳити зист ҷиҳати ҳифзи он, панҷарабандии атрофи он ва навиштани лавҳа дастур дод.
Дар ҳамин маҳалла дар мавзеъи Лаби Чашма ҳамчунин ёдгории дигари таърихӣ бо номи мазори Бирӯпӯш мавҷуд аст, ки онро нишоне аз асрҳои 15-16-и милодӣ тахмин мекунанд. Гуфта шуд, ки ширкатҳои сайёҳӣ боздиди ин ёдгориҳоро ба хатсайри боздиди сайёҳон ворид намуда, дар тарғибу муаррифии онҳо саҳм гузоранд.