Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ЭЪТИБОРИ ҶИДДӢ-БА КИШТИ БАРВАҚТИИ КАРТОШКА...
single-product

ЭЪТИБОРИ ҶИДДӢ-БА КИШТИ БАРВАҚТИИ КАРТОШКА...

2026-02-26 17:36:51

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолони шаҳри Панҷакент моҳи июли соли гузашта таъкид намуданд, “Панҷакент минтақаи ҳосилхез буда, дар он барои кишту парвариши шолӣ, картошка, боғдорӣ ва навъҳои беҳтарини ба содирот нигаронидашудаи ангур, инчунин, занбӯриасалпарварӣ шароиту имкониятҳои мусоид мавҷуд мебошанд”.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ин замина ҳоло барои зиёд намудани майдони кишти картошка, хоса картошкаи барвақтӣ таваҷҷӯҳи ҳамарӯза зоҳир менамояд.
Дар ин росто раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти кишти картошкаи барвақтӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Чинор ва Саразм шинос шуда, ба кишоварзон ҷиҳати вусъат додани кишт дастуру маслиҳат дод.
Имрӯзҳо кишти картошкаи барвақтӣ дар қисмати ҳамвории хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти Халифа Ҳасан, Хурмӣ, Ёрӣ, Лоиқ Шералӣ, Амондара, Рӯдакӣ, Ворӯ ва Косатарош идома дошта, рафти он зери назорати ҳамарӯзаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр қарор дорад.
Соли равон дар шаҳр дар майдони 2500 гектар , аз ҷумла 1000 гектар кишти барвақтии картошка пешбинӣ шудааст.
*