Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

single-product

БОЗДИД АЗ ИНШООТИ ҶАШНӢ

2026-02-26 17:34:59

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент корҳои ободониву созандагӣ бо вусъат идома дорад.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни сафари корӣ дар деҳаи Деваштичи деҳоти Халифа Ҳасан бо рафти бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии асосии №1, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сармоягузории Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон сохта мешавад, боздид намуд.
Бино дорои ду қабат, 13 синфхона, толор ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон буда, барои қабули 480 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст ва ҳоло бинокорони ҶДММ “Гулгун” ба корҳои пардозгарӣ ва сохтмони утоқҳои ёрирасон машғул ҳастанд.
Ҳамчунин дар доираи сафари корӣ аз маркази савдо ва хидматрасонӣ дар қисмати ғарбии шаҳр дидан намуд. Иттилоъ дода шуд,ки инчо корҳои сохтмонӣ дар дохили бино асосан анҷом ёфта, ҳоло соҳибкороне, ки аз сӯхтори собиқ бозори “Гулистон” зиён дида буданд, ба омода кардани ҷойи савдо машғуланд.
Дар идомаи сафар аз рафти сохтмони майдони Абулқосим Фирдавсӣ, бинои маъмурии Маркази минтақавии баҳисобгирии инфиродии раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаи Фирдавсии шаҳр дидан намуда, барои тезонидани бунёди онҳо ба масъулин дастур дода шуд.
*