Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ ҚОНУН “ДАР БОРАИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ”
single-product

БАРРАСИИ РАФТИ ИҶРОИ ҚОНУН “ДАР БОРАИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРӢ”

2025-09-24 14:40:25

Дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо иштироки прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи 1 Искандар Раҳматзода, корманди масъули прокуратураи вилояти Суғд Зафар Назарзода, муовини раиси шаҳр Эркин Хушвақтзода, кормандони мақомоти ваколатдори давлатии назоратию санҷишии шаҳр машварат доир шуд.
Дар ҷамъомад ба таваҷҷӯҳи кормандони мақомоти назоратию санҷишӣ, аз ҷумла корҳои дохила, муҳофизат аз сӯхтор, маркази назорати санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист, хоҷагии ҷангал, агентии “Тоҷикстандарт” нуктаҳои асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ», ки дар заминаи дастури Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурӣ таҳияю қабул шуда, аз моҳи феврали соли равон мавриди амал қарор дорад, расонида шуд.
Таъкид шуд, ки дар давраи татбиқи Қонуни мазкур муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун, аз ҷумла мақомоти андоз, боздошта мешавад ва муқаррароти он бояд аз ҷониби мақомоти назоратию санҷишӣ қатъӣ риоя карда шавад.