Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ГУНБАДИ ЧАРХ АЗ СУХАНАШ ПУРСАДОСТ
single-product

ГУНБАДИ ЧАРХ АЗ СУХАНАШ ПУРСАДОСТ

2025-09-23 15:27:06

Рисолати бузурги таърихию адабии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” на танҳо чун поягузори адабиёти тоҷик, балки рамзи бедориву худшиносӣ, ҷовидонагии адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик донистаанд.
Ин баҳои Пешвои миллат ба нақши абарустод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар маросими таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ, ки дар шаҳри Панҷакент доир гардид, борҳо ба забон оварда шуд.
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ бо баргузории конфронси байналмилалии илмӣ- адабии “Рӯдакӣ ва эҳёи фарҳанги тоҷикон”, ки бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳо ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент доир шуд, оғоз гардид.
Аз минбари Кохи Лоиқи шаҳр олимон , пажӯҳишгарони осору аҳволи устод Рӯдакӣ дар бораи паҳлӯҳои ҳунари шоирӣ, нашри осори ӯ дар даврони истиқлол маърӯза карданд.
Муҳаққиқони осори устод Рӯдакӣ, меҳмонони ҷашнвора аз Ӯзбекистон, Чин, Ҷумҳурии исломии Эрон, аҳли адабу фарҳанги шаҳр, ҳаводорони назми оламгири шоир оромгоҳи ӯро дар Панҷруд зиёрат карда, дар маҳфили бузургдошти шоир иштирок намуда, ба пояи муҷассамаи шоир дар боғи канори рӯди Уреч ва дар саҳни осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ ба нишони эҳтиром гул гузоштанд.
Маҳфили адабию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Рӯдакӣ дар саҳни майдони Парчами давлатии маркази шаҳр бо сухани табрикии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода оғоз шуда,дар бораи мақоми устод Рӯдакӣ адабиётшинос, доктори илми филологӣ, раиси Бунёди Рӯдакӣ Абдунабӣ Сатторзода, раиси бахши шаҳрии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Исмоил Зарифӣ сухан карданд.
Аз ҷумла гуфта шуд, ки устод Рӯдакӣ адабиёти моро чунон бунёд ниҳод, ки то ба рағми ҳама гирдоби воқеаҳои пурпечутоби таърих пойдор бимонад ва бо ҳиммату истеъдоди ворисони сазовор боз ҳам муҳташаму тавоно гардад.
Дар Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номи мубораки устод Абуабдулоҳ Рӯдакӣ ба ноҳия, ҷамоат, деҳаҳо, хиёбону кӯчаҳо, майдону боғҳо, муассисаҳои фарҳангӣ гузошта, осораш борҳо ба нашр расида, оромгоҳи шоир таҷдиду азнавсозӣ гардида, ҳоло ба Маккаи ҳаводорони шеъри оламгири устод аз ҳама гӯшаҳои олам табдил ёфтааст.
Барномаи ҳунарии санъаткорони шаҳр, ки аз сурудҳо ба ашъори устод Рӯдакӣ, қироати шеърҳои шоир, рақсҳои ҷаззоб мураттаб шуда буд, ба иштирокчиёни ҷашнвора таассуроти ҷолиб боқӣ гузошт.
Ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ дар ҳама муассисаҳои таълимӣ, ҷамоатҳои деҳот, корхонаю муассисаҳои шаҳр ҷамъомаду маҳфилҳо баргузор шуданд.