Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲР
single-product

ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РАИСИ ШАҲР

2025-09-20 11:44:51

Ҳар рӯзи шанбе тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода шаҳрвандонро қабул намуда, муроҷиат ва арзу шикояти онҳо шунида мешавад.
Дар рӯзи қабули навбатӣ шаҳвандон асосан оид ба додани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ҳалли баҳси замин, ташкили хоҷагии деҳқонӣ, таъминот бо оби полезӣ ва нӯшокӣ, расонидани ёрии молиявӣ ва дигар масъалаҳои иҷтимоӣ муроҷиат намуданд.
Зимни шунидани муроҷиатҳо ба 13 нафар моҳият ва роҳҳои қонунии ҳалли масъалаҳои ба миёнгузаштаи онҳо фаҳмонида, барои баррасӣ ва ҳалли қонунии муроҷиати 14 нафар ба сохторҳои марбутаи шаҳрдорӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо дастур дода шуд.
Ҳамаи муроҷиатҳо ба қайд гирифта, дар мӯҳлати муқаррарнамудаи қонун баррасӣ намуда, ба шаҳвандон ҷавоби расмӣ ирсол карда мешавад.