Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ИҶЛОСИЯИ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲР, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ...
single-product

ИҶЛОСИЯИ СЕЮМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲР, ДАЪВАТИ ҲАФТУМ...

2025-09-17 14:02:10

Санаи 17 сентябр иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Панҷакент, даъвати ҳафтум, баргузор шуд.
Дар кори иҷлосия, ки таҳти раёсати раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода баргузор шуд, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, роҳбарони сохторҳои мақомоти шаҳрдорӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, занони фаъоли шаҳр ва бонувони ҳунарманд, намояндагони васоити ахбор иштирок доштанд.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи иҷлосия “ Оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2021, № 167 ”Дар бораи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар шаҳри Панҷакент” маърӯзаи вакили Маҷлиси шаҳрӣ, муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода шунида шуд.
Оид ба ин масъала маърӯзаи иловагӣ ва музокираи вакилон шунида, дар ин бора қарор қабул карда шуд.
Дар идомаи иҷлосия вакилон ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз ҳавзаи интихоботии Навобод, № 31 Раҳим Баҳриддиновро оид ба иҷрои ваколатҳояш шуниданд.
Тибқи рӯзнома дар иҷлосия аризаҳои вакилони Маҷлиси шаҳрӣ аз ҳавзаи интихоботии Лаби Чашма, № 3 Алишер Пӯлодзода ва Пули Гирдоб, № 38 Ҷамшед Юсуфов оид ба пеш аз мӯҳлат қатъ намудани ваколаташон баррасӣ шуда, дар ин бора қарор ба тасвиб расонида шуд.
Бо қарори иҷлосия дар ин ҳавзаҳои интихоботӣ рӯзи 16 ноябри соли 2025 интихобот ба ивази вакилони хориҷшуда таъин шуда, комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр таъсис дода, ҳайати он тасдиқ карда шуд.
Вакилон дар фарҷоми кори иҷлосия қарорҳои раиси шаҳрро оид ба таъин ба мансабҳо ва ҷудо намудани маблағҳо тасдиқ намуданд.
Дар иҷлосия намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ваилоят, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ сухан кард.
Вакилон дар бораи ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони хадқи шаҳр, даъвати ҳафтум, қарор ба тасвиб расониданд.