Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ҶОИЗАИ ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ” МУБОРАК БОД...
single-product

ҶОИЗАИ ОЗМУНИ “БЕҲТАРИН ХИЗМАТЧИИ ДАВЛАТӢ” МУБОРАК БОД...

2025-09-16 15:04:20

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ» аз ҳисоби занон, ки санаҳои 11-13 сентябри соли равон, дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Меҳрноз Хӯҷализода сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ сарфароз гардонида шуд.
Меҳрноз хатмкардаи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, соли сеюм аст ба ҳайси мутахассиси пешбари бахши фарҳанги шаҳр фаъолият дорад ва чун корманди фаъолу масъулиятшинос шинохта шудааст.
Ин озмун дар доираи сиёсати давлатии занон бо мақсади ҷалби бештари бонувон ба хидмати давлатӣ ҳамасола баргузор карда мешавад.