
БОЗДИД АЗ РАФТИ ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ШОЛӢ
2025-09-07 10:57:48
Имсол кишоварзони шаҳри Панҷакент дар майдони 2706 гектар замин, ки асосан дар ду соҳили дарёи Зарафшон воқеъ аст, шолӣ кишт намуда буданд ва ҳоло ҷамъоварии он дар аксари қитъаҳо оғоз шуда, рӯз ба рӯз вусъат меёбад.
Дар кооперативи тиҷоратии тухмипарварии ба номи Шамсӣ Назарови Ҷамоати деҳоти Хурмӣ зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз рафти ҷамъоварии ҳосили шолӣ гуфта шуд, ки онҳо имсол дар майдони 73 гектар навъҳои девзира, “Панҷруд”, “ “Саразм”, “Марҷон”, “Нуқус”, “Регар” ва ғайраро,ки ба иқлими ин ҷо мувофиқ аст, кишт намуда, ҳосили хуб рӯёнидаанд.
Баробари ҷамъоварии ҳосил, кӯфтани шолӣ низ дар хирманҷойҳо идома дошта, деҳқонон аз рӯёнидани ҳосили фаровон изҳори қаноатмандӣ мекунанд. Як қисми шолии рӯёнидаи онҳо ҳамчун тухмӣ ба дигар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр фурӯхта мешавад.
Деҳқонони Ҷамоати деҳоти Хурмӣ дар рӯёнидани ҳосили фаровони шолӣ таҷрибаи ғанӣ андӯхтаанд ва ҷамъоварии ҳосили ин зироати пурқимати ғизоӣ ҳоло дар наздик ба 300 гектар заминҳои соҳили Зарафшон идома дорад.