
ДАР ДЕҲАИ ХУШДАРАИ ДЕҲОТИ ШИНГ БИНОИ МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА МЕШАВАД
2025-09-02 15:39:09
Дар деҳаи навбунёди Хушдараи Ҷамоати деҳоти Шинги шаҳри Панҷакент хонандагон дар рӯзи ҷашни 34-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои нав таҳсилро оғоз мекунанд.
Тавре зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гуфта шуд, ҳоло корҳои охирини омода намудани саҳну атрофи бино аз ҷониби пудратчӣ- ширкати бинокории “СУ-“3” идома дошта, он дар арафаи ҷашни истиқлол анҷом дода мешавад.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 124 иборат аз 10 синфхонаи барҳаво ва хонаи омӯзгорон буда, дар он дар ду баст то 600 нафар ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Он бо маблағгузорӣ аз буҷети вилояти Суғд ва дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сохта шудааст.
Дар назди бино дегхонаи буғӣ низ сохта шудааст ва аз тариқи он фасли сармо синфхонаҳо гарм карда мешаванд.
Дар ин сафари корӣ ҳамчунин аз рафти омода намудани бинои кӯдакистон дар деҳаи Боғча, ки дар бинои собиқ муассисаи таълимӣ ташкил шудааст, дидан намуда, барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани корҳо ба масъулин дастур дода шуд.