Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАЁМИ ШОДБОШИИ раиси шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
single-product

ПАЁМИ ШОДБОШИИ раиси шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2024-11-23 15:33:01

Ҳамдиёрони гиромӣ ва меҳмонони арҷманди шаҳри бостонии Панҷакент.
Ҳамаи шуморо бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, бароятон саодатмандӣ, некномӣ, комёбиву музаффарияҳои беназирро таманно менамоям.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишонаи соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву ормони мардум маҳсуб меёбад.
Ин рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории 16 - умин ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 қабул гардида, ифодагари таърихи ғании парчамдорӣ дар масири давлатдории халқи тоҷик маҳсуб мешавад.
Мо имрӯз ифтихор дорем, ки зери ин парчам ва бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба дастовардҳои азим соҳиб шуда, дар баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ қатори парчамҳои дигар кишварҳо парчами давлати мо низ парафшонӣ мекунаду ҷаҳониён ба он арҷ мегузоранд, дар мусобиқоти ҷаҳонӣ он чун рамзи ғолибияти ҳамватанони мо барафрошта мешавад.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид доштаанд, ки «Ҳар як фард бояд ифтихор дошта бошад, ки Парчами давлатии мо дар арсаи ҷаҳонӣ баробар бо парчами халқҳои мухталифи дунё дар пештоқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳон парафшонӣ мекунад ва ба оламиён аз мавҷудияти миллати соҳибтамаддуни тоҷик ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳон, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлол паём мерасонад».
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони эҳтироми хосаи мардуми сарбаланди тоҷик ба анъанаҳои неки аҷдоди сарбаланд ва таҷассуми мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд ва ягона мебошад.
Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат дар пояи 165 метр ва дар ҳама шаҳру навоҳии мамлакат , аз ҷумла дар маркази шаҳри Панҷакент дар пояи 55 метр парафшонӣ мекунад ва зери ин ливо мардуми кишвар муттаҳид шуда, тамоми ҷаҳду талошҳои хешро барои вусъати корҳои ободгариву созандагӣ, сабзу хуррамгардонии диёр, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззамии миллат, Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ташриф ба вилояти Суғд баён доштанд, равона мекунанд ва ҷашни фархундаи 35-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Бори дигар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳар яки шумо самимона шодбош гуфта, орзу дорам, ки ҳамеша Парчами давлатӣ, ки рамзи давлатдориву соҳибватанӣ, сарҷамъии миллат, ифтихори ҷовидонии миллат ва муҳаббату садоқати мардуми шарифи тоҷик ба Ватани соҳибихтиёру обод ва пайвандгари дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик аст, то абад парафшон бошад.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!