БА ХОТИРИ ҒАМХОРӢ БА БЕМОРОН
2024-11-23 14:47:39
Дар рӯзи таҷлили Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент бо иштироки сардори раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҳуҷраҳои гемодиализ мавриди баҳрабардории беморон қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки утоқҳои табобатӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъмиру таҷдид шуда, бо се адад таҷҳизоти нави ҳозиразамони истеҳсоли Олмон ва дигар таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст. Ин таҷҳизот бар иловаи ду таҷҳизоти собиқа имконият медиҳанд, ки беморони гурда бе зарурати сафар ба маркази кишвар ё вилоят, бе хароҷоти барзиёд ба табобати зарурӣ фаро гирифта шаванд.
Зимни боздид бемороне, ки дар ин ҳуҷраҳо табобат мегиранд, аёдат карда, захираи хурока дар беморхона аз назар гузарнида, ба гармидиҳӣ ба ҳуҷраҳои табобатӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд
Дар сӯҳбат бо кормандони беморхона онҳо бо Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод гуфта, ташкили ин ҳуҷраҳо ва насби таҷҳизоти тиббии ҳозиразамон натиҷаи таваҷҷӯҳу ғамхории Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи тандурустӣ унвон карда шуд.
Дар ин рӯз сардори раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ҳамчунин бо рафти бунёди беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ ва таъмиру таҷдиди Маркази тиббии “Шифо” дар шаҳр шинос шуданд.