Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!
single-product

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН!

2024-11-23 13:48:00

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин субҳ дар шаҳри Панҷакент бо баргузории раҳпаймоӣ дар хиёбони марказии шаҳр ба номи устод Рӯдакӣ бо иштироки доираи васеъи ҷомеъаҳои меҳнатии корхонаю муассисаҳо, собиқадорон, омӯзгорон, донишҷӯён, ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, бо парафшонии ливои истиқлол ва фатҳу нусрати кишвар оғоз ёфт.
Дар майдони Парчам дар маркази шаҳр, ки ливои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар пояи панҷоҳу панҷ метр парафшон аст, ба муносибат Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Ҳозирин ва сокинони шаҳрро ба ин муносибат намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, сардори раёсати тандурустии вилоят Ҳабибулло Хайруллозода аз номи муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода шодбош гуфтанд.
Гуфта шуд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ рамзи муқаддаси давлат ва нишони соҳибихтиёрии давлату миллат дониста шуда, дар мақоми худ равшангари таърих, сарнавишти миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун ва орзуву омоли мардум маҳсуб меёбад.
Ин рамзи давлати навбунёду соҳибихтиёри миллати тоҷик - дар давраи ҳассоси таърихӣ зимни баргузории 16 - умин ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1992 қабул гардида, ифодагари таърихи ғании парчамдорӣ дар масири давлатдории халқи тоҷик маҳсуб мешавад.
Мо имрӯз ифтихор дорем, ки зери ин парчам ва бо раҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба дастовардҳои азим соҳиб шуда, дар баландтарин минбарҳои ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ қатори парчамҳои дигар кишварҳо парчами давлаи мо низ парафшонӣ мекунаду ҷаҳониён ба он арҷ мегузоранд
Ҳоло зери ин ливо мардуми кишвар муттаҳид шуда, тамоми ҷаҳду талошҳои хешро барои вусъати корҳои ободгариву созандагӣ, сабзу хуррамгардонӣ равона мекунанд ва ҷашни фархундаи 35-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.
Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ ба ҳозирин барномаи ҷолиби ҳунарӣ, ки таҷассумгари ин рамзи муқаддаси давлатӣ аст, манзур карда шуд.
Чунини ҷамъомаду ҳамоишҳои идона бахшида ба Рӯзи Панчами давлатӣ дар ҳама корхонаю ташкилот ва муассисаҳои тахълимии шаҳр баргузор шуданд.

single
single