Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ОҚИБАТИ БОРИШОТ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД
single-product

ОҚИБАТИ БОРИШОТ БАРТАРАФ КАРДА МЕШАВАД

2024-11-22 16:59:51

Ба асари боришоти бошиддати шаби 20 ба 21 –уми ноябри соли равон дар деҳаҳои Сафобахш, Хӯҷағариб ва Амондараи Ҷамоати деҳоти Амондара селоба ба роҳ, хонаҳои истиқоматию ёрирасон, варзишгоҳи навбунёд хисорот ворид намуд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода дар раъси аъзоёни ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр аз ин деҳаҳо дидан намуда, ҷиҳати бартараф намудани оқибати офати табиӣ ба мақомоту сохторҳои марбута дастур дода шуд.
Гуфта шуд, ки ба асари борони пуршиддат ва сел дар ин деҳаҳо як хонаи истиқоматӣ ғайри қобили зист шуда, ба нӯҳ ҳавлӣ селоба ворид шуда, роҳи байни деҳаҳо аз лою қум пур шуда, дар деҳаи Хӯҷағариб ҳамчунин варзишгоҳи навбунёд осеб дидааст.
Бо дастури раиси шаҳр барои бартараф намудани оқибати сел техникаи зарурӣ ва сокинони деҳаҳо сафарбар шуда, дар муҳлати кӯтоҳ роҳҳо аз лою қум тоза карда, барои ба ҷои бехавф кӯчонидани хонаҳои дар маҳалли сел воқеъбуда ва бартараф намудани оқибати офати табиӣ тадобири зарурӣ андешида мешавад.

single