ДАР РӮЗНОМА – ИҶРОИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
2024-11-21 11:22:46
Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ташриф ба вилояти Суғд, мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони вилоят иброз доштанд, дар маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Панҷакент ба таваҷҷӯҳи роҳбарони сохтору ниҳодҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр , роҳбарони ташкилоту муассисаҳо расонида, вазифаҳое, ки аз онҳо бармеоянд, матраҳ карда шуданд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни вазифагузориҳо ҷиҳати иҷрои ин дастуру супоришҳо роҳбарону сохторҳои марбутаро муваззаф намуд, ки ба рушди саноат, бунёди коргоҳҳои нави истеҳсолӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҷойҳои корӣ, аз ҷумла афзун намудани истеҳсоли либосҳои мактабӣ дар коргоҳҳои шаҳр, зиёд намудани майдони кишт ва истеҳсоли картошка, омода кардани захираи тухмии зироат барои кишти баҳорӣ, иншоооти обёрӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замин, куллан беҳтар сохтани симои меъмории шаҳру деҳот, намои биноҳои канори шоҳроҳҳо, вусъати ободкорию сабзгардонӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад.
Ҳамчунин вазифа гузошта шуд, ки ба таъмиру таҷдиди муассисаҳои таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта, муассисаҳои фарҳангии деҳот, боғҳои истироҳатии шаҳр, вусъат бахшидани бунёди иншооти ба истиқболи ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезишуда, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ, таваҷҷӯҳ зоҳир карда, ҳар ҳафта аксияҳои тозагии маҳал баргузор карда шавад.
Сохторҳои марбута вазифадор карда шуданд, ки барои ҳалли қонунии муроҷиатҳои шаҳрвандон, пешгирии таълимоти ғайриқонунии динӣ, гароиши ҷавонон ба ақоиди ифротию хурофотӣ, омодагӣ ба маъракаи интихоботи мақомоти интихобии ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва маҳаллӣ, ки семоҳаи аввали соли 2025 пешбинӣ шудааст, даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Дар ҷаласаи назоратӣ дигар масъалаҳои муҳими иқтисодию иҷтимоии шаҳр низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.