Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > БОЗДИД АЗ СОХТМОНИ МАЙДОНИ ПАЗИРОӢ ВА ДАРВОЗАИ РАМЗӢ
single-product

БОЗДИД АЗ СОХТМОНИ МАЙДОНИ ПАЗИРОӢ ВА ДАРВОЗАИ РАМЗӢ

2024-11-15 14:27:49

Дар даврони истиқлол шаҳраки бостонии Саразм, дигар ёдгориҳои таърихӣ ва манзараҳои кӯҳии шаҳри Панҷакент мавриди таваҷҷӯҳи бештари сайёҳон ва меҳмонони дохилию беруна қарор гирифтаанд. Ба Феҳристи мероси башари ворид шудани шаш ёдгории таърихии ҳудуди шаҳр ин таваҷҷӯҳро ба маротиб афзудааст.
Ба хотири пазироии шоистаи меҳмонону сайёҳони зиёде, ки ҳамасола ба Панҷакент меоянд, ҳоло бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар даромадгоҳи шарқии шаҳр бо тарҳи зебо, ки баёнгари таърихи куҳани ин диёри бостонӣ хоҳад буд, майдони пазироӣ ва дарвозаи рамзӣ бунёд карда мешавад.
Зимни шиносоӣ бо рафти бунёди иншоот раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба роҳбарият ва бинокорони ширкати сохтмонии “Асл” ҷиҳати бо сифати хуб ва дар мӯҳлати муқарраршуда анҷом додани сохтмон дастур дод.

single
single