БИНОИ НАВИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ БА ҚАБУЛИ ХОНАНДАГОН ОМОДА АСТ
2024-11-15 09:32:10
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и деҳаи Порвени Ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент, ки бинои собиқаш ба асари омадани сел корношоям гашта буд, ба қабули хонандагон омода аст.
Он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва дастгтирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар муддати кӯтоҳ аз ҷониби пудраткор- ширкати сохтмонии “СУ – 3”, бо сифати хуб бунёд карда шуд.
Муассиса бо васоити таълимӣ, маводи сӯхт таъмин буда, дар роҳраву синфхонаҳо лавҳа ва дигар воситаҳои аёнӣ насб карда шудаанд.
Зимни шиносоии раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз бинои таълимгоҳ гуфта шуд, ки бино ба қабули хонандаҳо омода буда, ҳоло корҳо дар саҳни муассиса идома дошта, дар рӯзҳои наздик анҷом меёбад.
Ба бинокорон ҷиҳати дар мӯҳлати кӯтоҳтарин анҷом додани корҳои боқимонда сокинони деҳа ва ҳашарчиён кӯмак мерасонанд.
Бинои нав дорои 12 синфхонаи барҳаво ва ҳуҷраҳои ёрирасон буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 320 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.