Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ - ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
single-product

ДОНИШҶӮИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ - ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

2024-11-13 13:35:48

Дар заминаи дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони “ Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф” ҳамасола дар мамлакат озмуни “Илм- фурӯғи маърифат” ва олимпиадаҳои фаннӣ баргузор мешаванд.
Донишҷӯи коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент Ширинбек Юсуфов дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои миёнаи касбии мамлакат барои дарёфти ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 355 нафар иштирокдорон аз 88 муассисаи миёнаи касбии кишвар аз фанни биология ғолиб омада, соҳиби ҷом ва мукофот гардид.
Ҳамчунин дар ин олимпиада донишҷӯёни коллеҷ Ҷонона Шарифбоева, Сангиной Ҷабборова ва Меҳрона Истамзода аз фанҳои физика ва риёзӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд.
Ҳамкорон омӯзгори фанни биологияи коллеҷ, Аълочии маориф ва Аълочии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурӣ Зубайдулло Яҳёевро, ки шогирдонаш ҳамасола дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб меоянд, бо ин дастовард шодбош гуфтанд.