РОҲҲОИ МАҲАЛЛӢ ОБОД МЕШАВАНД
2024-11-13 10:08:52
Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба 35-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, саҳмгузории соҳибкорон ва сокинон роҳҳои маҳаллӣ таъмиру тармим ва мумфарш карда мешаванд.
Дар ҳамин замина дирӯз бинокорони ширкати сохтмонии “Асл” ба мумфаршкунии як қисмати кӯчаи Борбади Марвазии шаҳр шурӯъ намуданд. Ба ин кор техникаю таҷҳизоти лозима сафарбар шуда, дар муддати кӯтоҳ он анҷом дода хоҳад шуд.
Дар маҷмӯъ, то ин муддати соли равон бо дастгирӣ ва сармоягузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳр, соҳибкорон ва аҳолӣ қисмати кӯчаҳои Деваштич ва Фирдавсии шаҳр, дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Моғиён, Лоиқ Шералӣ, Ёрӣ беш аз 20 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш ва бист километр қуму шағалпӯш карда шудааст.
Ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.