ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ
2024-11-07 12:25:43
Имрӯз дар толори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент Рӯзи кормандони милитсия, ки ҳамасола 10 ноябр ҷашн гирнифта мешавад, бо иштироки собиқадорон ва ҳайати шахсии шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ботантана таҷлил карда шуд.
Зимни табрики ҳозирин бо Рӯзи милитсия раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода аз нақши босазои мақомоти милитсия дар барқарор намудани сохти конститиутсионӣ, ҳифзи қонуният ва тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, мубориза бо унсурҳои ҷиноӣ ёдоварӣ намуд.
Таъкид шуд, ки кормандони милитсия ва дигар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар иҷрои рисолати касбӣ ва вазифаҳое, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомӣ дар пойтахти мамлакат назди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузоштанд, аз ҷумла мубориза бо экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор,дигар унсурҳои ҷиноӣ, пурзӯр гардонидани кор дар самти риояи талаботи қонунҳои миллӣ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти баланд зоҳир менамоянд.
Кормандони милитсияро бо иди касбиашон сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Шуҳрат Анварзода, собиқадорони соҳа шодбош гуфтанд.
Дар фарҷоми ҷамъомад як гурӯҳ кормандони милитсия бо нишон, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва шуъбаи Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент қадршиносӣ карда шуданд.