Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > САРБОЗОН САВГАНДИ САДОҚАТ ЁД КАРДАНД
single-product

САРБОЗОН САВГАНДИ САДОҚАТ ЁД КАРДАНД

2024-11-04 16:14:28

Арафаи таҷлили 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон наваскарони қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи мамлакат мустақар дар шаҳри Панҷакент барои садоқат ба Ватан ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон савганди садоқат ёд намуданд.
Ба ин муносибат ва 30- солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳо ва ҳайати шахсии қисми ҳарбиро аз номи раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода муборакбод намуд.
Гуфта шуд, ки ҳифзи марзу бум, дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, сулҳу субот ва осоиштагии кишвар аз вазифаҳои коститутсионии неруҳои мусаллаҳ аст ва наваскарон бо ҳамин ниятҳо савганд ёд мекунанд.
Дар назди сарбозон волидони онҳо сухан карда, барояшон хидмати содиқона ба Ватанро орзу намуданд.
Дар ин қисми ҳарбӣ барои хидмати шоистаи сарбозон ҳамаи шароитҳои оинномавӣ муҳайё шудааст ва наваскарон ин ҷо дар мактаби садоқату ваофодорӣ ва ҷасорату мардонагӣ сабақ мегиранд.
Зимнан, имсол шаҳри Панҷакент дар вилояти Суғд яке аз аввалинҳо шуда, дар рӯзи нахустини даъват нақшаи сафарбарии даъватшавандагонро ба иҷро расонид ва ҳоло дар қисмҳои гуногуни низомии ҳудуди кишвар беш аз чорсад нафар фиристодагони шаҳр, ки дар даъвати тирамоҳӣ ба хидмати Ватан сафарбар шуданд, қатори дигар наваскарон савганд ёд мекунанд.
Дар фарҷоми ҷамъомади тантанавӣ барои ҳайати шахсии қисми ҳарбӣ санъаткорони шаҳр барномаи ҷолиби идонаи ҳунарӣ пешкаш намуданд.

single
single