ХОТИРАИ НЕКИ САМАДОВ ШАКАРБЕК ҲАМЕША БОҚӢ ХОҲАД МОНД
2024-11-01 11:32:36
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бо изҳори андӯҳи гарон хабар медиҳад, ки субҳи имрӯз ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, собиқ раиси шаҳри Панҷакент, муовини раиси вилояти Суғд, муовини раиси шаҳри Душанбе, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми иқтисод Самадов Шакарбек Додхоевич ба асари беморӣ дар синни 66- солагӣ аз олам даргузашт.
Самадов Шакарбек Додхоевич санаи 15 майи соли 1958 дар деҳаи Яримтуқи ноҳияи Комсомоли вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон чашм ба олами ҳастӣ кушодааст.
Баъди хатми риштаи муҳандиси барқи донишкадаи политехникии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси барқкори шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент оғоз намуда, баъдан дар вазифаҳои муҳандиси шабакаҳои барқ, муовини директори хоҷагии давлатии “Навобод”, сармуҳандиси корхонаи коркарди чӯби шаҳри Душанбе, директори генералии ширкати “Монолитстрой”-и шаҳри Душанбе, сардори шабакаҳои барқи ноҳияҳои собиқи Фрунзе ва Марказии шаҳри Душанбе, сардори идораи фурӯши барқи шаҳри Душанбе, директори генералии идораи “Тоҷикэнергонадзор”-и Ҷумҳурӣ, мудири шуъбаи сӯзишворӣ ва маҷмааи энергетикии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Дар ин байн дар ҳайати неруҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон вазифаи интернатсионалиашро ба ҷо овардааст.
Фаъолияти минбаъдаи зиндаёд Самадов Шакарбек Додхоевич ба роҳбарӣ дар вазифаҳои масъул дар сатҳи шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд, шаҳри Душанбе ва Ҷумҳурӣ марбут аст.
Солҳи 2001 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи раиси шаҳри Панҷакент таъин шуда, то соли 2006 ин вазифаи масъулро бо камоли кордонӣ ба ҷо оварда, барои рушди ин шаҳри бостонӣ саҳми арзанда гузоштааст.
Соли 2006 Самадов Шакарбек Додхоевич ба вазифаи муовини аввали раиси вилояти Суғд таъин шуда, дар ин саммат то соли 2010 бо камоли масъулиятшиносӣ кор кардааст.
Марҳум солҳои 2005-2010 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент № 21 буд.
Баъди анҷоми ваколати вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар, зиндаёд Самадов Шакарбек Додхоевич дар вазифаҳои муовини раиси шаҳри Душанбе, мақомоти дигари ҷумҳуриявӣ кору фаъолият намуда, то дами марг ба ҳайси муовини директори филиали Донишкадаи энергетикии Федератсияи Руссия дар шаҳри Душанбе ифои вазифа менамуд.
Барои хидматҳои шоиста марҳум бо ордени "Ситораи Сурх", нишони Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, унвони Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудааст.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятии давлатии шаҳри Панҷакент нисбат ба даргузашти ходими намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ, инсони шариф Самадов Шакарбек Додхоевич ба пайвандон ва наздиконаш таслият изҳор менамояд.
Хотираи неки Самадов Шакарбек Додхоевич дар ёди дӯстону ҳамкорон ва ҳамдиёрон ҳамеша боқӣ хоҳад монд.