МУЛОҚОТИ ВАКИЛОН БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН
2024-10-25 13:09:45
Тибқи нақшаи раёсати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагои ҳавзаҳои интихоботӣ ва сокинони шаҳри Панҷакент силсилаи мулоқотҳо баргузор намуданд.
Дар ин мулоқотҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров
, Парвиз Шодизода ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси шаҳр Мурод Шукурзода таваҷҷӯҳи ҳозиринро ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи фарзандон ва бедор сохтани ҳиси масъулиятшиносиву хештаншиносӣ дар замири онҳо, пос доштани истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, тарғибу ташвиқи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ, риояи ҳатмии одоби шаҳрнишинӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалли зист, самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои барномавиии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷалб карда шуд.
Аз интихобкунандагон даъват шуд, ки дар риояи ҳатмии қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзиму ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” фаъол бошанд.