ДАР ҒӮСАР ТОКЗОРИ НАВ БУНЁД МЕШАВАД
2024-10-23 16:17:20
ДАР ҒӮСАР ТОКЗОРИ НАВ БУНЁД МЕШАВАД
Дар заминҳои канории деҳаи Ғӯсари Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент, ки соли равон бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва кӯмаки шарикони рушд тавассути пойгоҳи нави обкашӣ ва хати беш аз 5 киломерӣ оби полезӣ бароварда шуд, ҳоло омода намудани заминҳо барои бунёди токзори замонавӣ идома дорад.
Ба кишоварзон мутахассисон аз шаҳри Турсунзода, ки дар бунёди токзори хавозавӣ, гирифтани ҳосили баланди ангур таҷрибаи ғанӣ доранд, маслиҳат медиҳанд.