ҲАМОИШ БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЗАНОНИ ДЕҲОТ
2024-10-22 13:18:33
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ оид ба нақши занони деҳот ва саҳми онҳо дар суръатбахшии рушди кишоварзӣ, беҳтар намудани амнияти озуқаворӣ ва рафъи камбизоатии сокинони деҳот ҳар сол моҳи октябр дар саросари ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии занони деҳот таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат имрӯз дар Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла лоиҳаи Рушди фарогири деҳот, зери шиори “Занони деҳот – тавлидгари ғизои солим ба ҳама” бо иштироки намояндагони соҳибкорзанони шаҳри Панҷакент, навоҳии Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ ҳамоиш баргузор шуд.
Бонувон дар толори дармадгоҳи Кохи фарҳанг намунаи ҳунари дастӣ, маҳсулоти кишварзие, ки истеҳсол намудаанд, ба намоиш гузоштанд.
Иштирокчиёни ҳамоишро аз номи раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ, муовини мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Муяссара Мавлонӣ, директори минтақавии Ҷамъияти ҳамкориҳои байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон Сабинае Олтҳоф бо ин рӯз шодбош гуфта, нақши занонро дар ҷомеа, хоса таъмини амнияти ғизоӣ шоиста арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки роҳбарияти олии кишвар, Ҳукумати мамлакат барои рушди ҳамаҷонибаи занон, ҳимояи ҳуқуқу манофеи онҳо дар даврони истиқлол тадобири зиёде андешидааст.
Дар идомаи ҳамоиш ба бист нафар бонувони муваффақи шаҳри Панҷакент диплом ва мукофот тақдим карда шуд.
Ҳамоиши бонувон бо барномаи ҷолиби ҳунарии санъаткорони шаҳр анҷом ёфт.