НАҚШИ СОҲИБКОРОНИ ПАНҶАКЕНТ ДАР РУШДИ СОҲАҲОИ ИҚТИСОДУ ИҶТИМОИЁТИ ШАҲР НАЗАРРАС АСТ
2024-10-15 08:21:16
ДУШАНБЕ, 14.10.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Панҷакент 9666 нафар соҳибкор сабти ном шудааст, ки назар ба соли 2023 624 нафар бештар мебошад. Чунин иброз гардид дар чорабиние, ки дар шаҳри Панҷакент бахшида ба Рӯзи соҳибкорон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Зимни ҳамоиш нақши соҳибкорон дар рушди соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёти шаҳр таъкид гардида, саҳми онҳо дар таъмини бозори дохилӣ, бунёди иншооти таъйиноти гуногун, бору мусофиркашонӣ, ғанӣ гардонидани буҷет, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ, рушди сайёҳӣ ва дигар соҳаҳо муҳим арзёбӣ гардид.
Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоягузорон дар шаҳри Панҷакент соли равон бо иштироки соҳибкорону сармоягузорон форумҳои беҳдошти саводи молиявӣ баргузор гардиданд.
Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо фарогирии 74,2 ҳазор нафар баҳрагирандагон сардхона, агроҷангал ва боғҳои интенсивӣ, гармхона ва мурғхона бунёд шуд. Дар ин замина ба соҳибкорон дар ҳаҷми 226,8 миллион сомонӣ маблағҳои қарзи бонкӣ дода шуданд.
Дар анҷом як зумра соҳибкорони муваффақ бо сипосномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр сарфароз гардонида шуданд.