ШИНОСОӢ БО РАФТИ СОХТМОНИ ИНШООТҲО
2024-10-10 08:07:03
Муовини аввали раиси вилояти Суғд Суҳайлӣ Қурбонов бо дастури муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафар ба шаҳри Панҷакент бо рафти сохтмони як қатор иншоотҳо, ки ба истиқболи ҷашни 35- солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд мешаванд, шинос шуд.
Зини боздид ба онҳо барои дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани корҳои ороишӣ ва ба истифода омода намудани бинои таълимгоҳ дастур дода шуд.
Дар ин боздид ҳамчунин бо рафти омода намудани хати обу ташноби шаҳр, сохтмони бинои аввалин коргоҳи пойафзол, меҳмонхона ва бинои маъмурии кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шинос шуда, масъулин барои дар мӯҳлати муқарраршуда ва бо сифати хуб анҷом додани корҳои бинокорӣ муваззаф карда шуданд.