Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > Паёми табрикии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
single-product

Паёми табрикии раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

2022-11-06 10:38:54

Имсол мо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арафаи ҷашни 30-юмин солгарди Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил менамоем. Ин сана ҳамчун оғози ташаккули давлатдории миллӣ ва фароҳам омадани амният, суботи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвари азизамон аҳамият ва арзиши баланди таърихӣ дорад. Дигаргуниҳои азиме, ки тӯли 30 соли охир дар Ватани мо ба вуқӯъ пайвастанд, аз ҷумла, қабули Конститутсия ва интихоботи Президенти ҷумҳурӣ маҳз бо қарорҳои ин иҷлосияи сурат гирифт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштаанд,ки “қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ барои бунёди давлати соҳибистиқлоламон заминаи устувор ба вуҷуд овард ва дар раванди таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва аркони давлатдорӣ нақши барҷаста бозид”.
Пазируфта шудани ин санади сарнавиштсоз аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ва ҳамчун ифодакунандаи афкори пешқадами мардуми кишвар таҳти роҳбарии хирадмандона ва ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи 6 ноябри соли 1994 яке аз дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият мебошад. Ин санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ роҳи рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо муайян кард.
Тағйироту иловаҳое, ки минбаъд ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ворид гардиданд, ба дақиқ намудани шакли идоракунӣ, такмили сохтори мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти давлатӣ, пурзӯр кардани талабот нисбат ба номзадҳо ба вазифаи Президенти мамлакат, вакилони парлумон, аъзои Ҳукумат ва судяҳо аз нигоҳи амният ва садоқат ба Ватан, такмили расмиёти қабули қарорҳои алоҳида аз ҷониби мақомоти олии қонунгузор, танзими конститутсионии ваколатҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, танзими фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ аз нигоҳи манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои демократӣ ва ризоияту ҳусни тафоҳум дар ҷомеаро кафолат медиҳанд.
Имрӯз ин санади олии ҳуқуқии мо аз ҷониби сиёсатшиносон ва ҳуқуқшиносони ҷаҳон яке аз даҳ Конститутсияҳои беҳтарин дар байни давлатҳои ҷаҳон эътироф шуда, Тоҷикистон бо қабул ва пазируфтани ин санади олии сиёсиву ҳуқуқӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ эълом кард, ки соҳиби давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, арзишҳои миллии худро гиромӣ медорад, тамомияти арзии худро эътироф менамояд, ҷонибдори ҷомеаи адолатпарвар аст ва бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар асоси эҳтироми баробарҳуқуқӣ ва таҳкими дӯстиву бародарӣ муносибат мекунад.
Бовар дорам, ки ҳамдиёрони арҷманд чун тамоми мардуми шарафманди кишвар бо эҳтиром гузоштан ба ин санади олии ҳуқуқӣ ва риояи дақиқи меъёрҳои Конститутсия вазифаи шарҳвандии худро сарбаландона иҷро карда, дар таҳкими қонуният, амният ва сулҳу суботи давлат ва ҷомеа минбаъд низ саҳми босазо мегузоранд.
Бо изҳори ҳамин ниятҳо кулли ҳамдиёронро бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки онҳо ва ҳамватанони азиз сулҳу оромӣ, иқболу хушбахтӣ ва файзу баракат орзу дорам.
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фархунда бод!