Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

  • Новости
  • > ДИДУ БОЗДИДҲО ДАР САМАРҚАНД
single-product

ДИДУ БОЗДИДҲО ДАР САМАРҚАНД

2022-10-24 09:37:29

Дар заминаи сиёсати дарҳои боз ва ҳамзистии осоишта бо ҳамсоядавлатҳо, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш гирифтааст, бо даъвати ҳокими шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар раъси як ҳайат ба шумули соҳибкорон, кишоварзон, бинокорон ва аҳли фарҳанг дар тантанаҳо бахшида ба Рӯзи шаҳри Самарқанд рӯзҳои 18- 19 октябр иштирок намуданд.
Ҳайати шаҳри Панҷакентро дар гузаргоҳи сарҳадии Ҷартепаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон намояндагони шаҳрдорӣ ва Маркази фарҳангии тоҷикони шаҳри Самарқанд пазироӣ карданд.
Тантанаҳо бахшида ба Рӯзи шаҳри Самарқанд, ки дар он намояндагони бародаршаҳрҳои ин шаҳри бостонӣ аз мамолики гуногун иштирок доштанд, бо маросими гулгузорӣ дар пояи муҷассамаи Амир Темур оғоз ёфт. Дар ҳамин ҷо ҳокими вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов ва ҳокими шаҳри Самарқанд Фазлиддин Умаров раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва ҳайати ҳамроҳонашро пазироӣ намуданд.
Ба ифтихори Рӯзи шаҳр дар хиёбонҳои шаҳри Самарқанд намоиши васеи маҳсулоти хурокворӣ, таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии сокинони бумӣ ва марказҳои фарҳангии миллии он ташкил карда шудаанд, ки ҳайати шаҳри Панҷакент бо роҳамоии раиси шаҳри Самарқанд аз он дидан намуданд. Ҳини боздид аз ин намоишгоҳҳо раиси шаҳр бо намояндагони Ҷумҳурии Белорус, ки ба ин ҷашнвора даъват шудаанд, оид ба таҳкими робитаҳои иқтисодӣ сӯҳбат намуд.
Ҳамчунин ҳайати шаҳри Панҷакент аз минтақаи сайёҳии Самарқанд ситӣ ва ё Шаҳри воҳид, ки намунаи ҳунари шаҳри Самарқанд ва вилоятҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро гирд оварда, соли равон ба муносибати баргузории машварати сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай мавриди истифода қарор дода шудааст, дидан намуда, мақбараи нахустин Президенти Ӯзбекистон Ислом Каримовро зиёрат карда, ба пояи муҷассамаи одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар хиёбони ҳамноми шоир гул гузоштанд ва барномаи театрӣ ва консертии устодони санъати шаҳри Самарқандро тамошо карданд.
Дар толори меҳмонхонаи “ Movenpick” маросими расмии қабули раиси шаҳри Панҷакент ва намояндагони ҳайати шаҳр аз ҷониби ҳокими шаҳри Самарқанд баргузор шуд. Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки муносибатҳои гуногунҷабҳаи дӯстонаи ду ҷумҳурии ҳамсоя ба шарофати сиёсати пешгирифтаи роҳбарони кишварҳо - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба сатҳи комилан нав баромада, ҳоло чун намунаи равобити неки ҳамсоягӣ ва ҳалли масоили гуногун дар минтақа ва ҷаҳон баҳогузрӣ карда мешавад. Тарафҳо омодагии худро барои минбаъд низ густариш додани ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва доираҳои соҳибкории шаҳрҳои Панҷакент ва Самарқанд изҳор намуданд.
Дар идомаи боздид раиси шаҳри Панҷакент ва ҳайати ҳамроҳонаш бо роҳнамоии намояндагони шаҳрдории шаҳри Самарқанд дар ноҳияи Самарқанд бо фаъолияти ширкати “Tespak”, ки ба истеҳсоли зарфҳои пластикӣ ва нӯшокиҳои ташнагишикан машғул аст, дар ноҳияи Ҷонбой бо лабораторияҳо ва гармхонаҳои агрокомплекси гуногунсоҳаи “Боғбон”, ки соле 32 навъи ниҳолҳои меваю ангурро аз сатҳи ҳуҷайравӣ то кӯчат дар майдонҳои васеъ ба миқдори 6 миллион бех омода менамояд, таҷрибаи парвариши ангур дар хоҷагии деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолии “Екгилам”,”Ургут микрометал,” “Идеал”, “Урҷенс”-и минтақаи озодии иқтисодии шаҳри Ургут, ки таҷҳизоти гуногуни барқии маишӣ, қолин, шим ва маҳсулоти гигиенӣ истеҳсол менамоянд, шинос шуданд. Тавре иттилоъ доданд, дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ, ки 1800 гектар масоҳат дорад, бунёди 115 корхонаи истеҳсолӣ пешбинӣ шуда, ҳоло 74 корхона бо 5000 ҷои кор бунёд шуда, фаъолият дорад.
Ҳангоми шиносоӣ бо фаъолияти ин корхонаҳо дар сӯҳбат бо масъулони ҳокимияти шаҳри Ургут, ҳокими ноҳияи Ҷонбой ва соҳибкорон имкониятҳои роҳандозии ҳамкориҳо бо соҳибкорони шаҳри Панҷакент, ташкили корхонаҳои муштарак ва дигар ҷанбаҳои робитаҳои иқтисодӣ баррасӣ шуда, чунин боздидҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ муфид арзёбӣ шуд.