Маориф 2018-01-13T17:54:29+00:00

Дар корҳои созандагию ободонӣ  кормандони соҳаи маориф ибрати хоса нишон медиҳанд. Аҳли маорифи Панҷакент анъанаҳои неки наслҳои номвари диёри худро идома дода, дар таълиму тарбияи насли наврас, омӯзонидани асосҳои илму дониш, ба камолот расонидани насли шоистаи даврони Истиқлол ва ба хидмати ҷомеаи навини кишвар раҳнамун сохтани онон ба натиҷаҳои фараҳбахш ноил мегарданд. Ҳоло дар ҳудуди шаҳру деҳот 75 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, 55 мактаби таҳсилоти умумии асосӣ, 2 мактаби ибтидоӣ, гимназия, 2 литсей мавҷуданд. Хонандагони мактабҳо  дар озмунҳои шаҳрию вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ  ва байналмилалӣ фаъолона ширкат варзида, ба гирифтани медалҳо шарафёб мегарданд.

Донишкадаи омӯзгории Панҷакент падидаи фараҳбахши даврони Истиқлолият аст. Он дастпарварони мактабҳои миёнаи водии Зарафшон ва дигар манотиқи кишварро ба таҳсил фаро мегирад. Донишкада дорои сертификати байналмилалист. Бо кӯмаки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент теъдоди муайяни донишҷӯён аз оилаҳои камбизоат бо пардохти нисфи маблағи таҳсил дар Донишкада соҳибтахассус мешаванд. Ҳамчунин дар роҳи касбомӯзӣ ва таъмини соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳру деҳоти Панҷакент бо мутахассисони ҷавобгӯи талаботи даврони Истиқлолият омӯзишгоҳҳои тиббию педагогӣ ва литсеи касбӣ-политехникӣ фаъолияти пурсамар доранд.

Дар баробари ин, диқати асосӣ ба он равона гардидааст, ки  мактабҳои нав бунёд гарданд, кулли макотиби шаҳру деҳот таъмиру тармим шаванд.