Маълумотнома 2017-09-29T16:11:46+00:00

ПАНҶАКЕНТ яке аз шаҳрҳои бостонии Осиёи Миёна мебошад. Димнаи ибтидои асрҳои миёна, 1,5 км ҷанубу шарқии шаҳри ҳозираи Панҷакент воқеъ аст. Панҷакенти қадим яке аз рустоҳои (районҳои) Суғд буд. (асрҳои 7-8). Ҳар як русто, аз ҷумла Панҷакент марказ (шаҳри асосӣ), ҳоким ва гурӯҳи  харби дошт. Дар асрхои 7-8 солхои 720-722 Суғдиён бо сарварии хокими Суғд – Деваштич бо муборизаи зидди хилофати араб бархоста, кушунхои арабхоро дар  Самарқанд торумор ва шахрро аз истилогарони араб озод кардаанд. Аммо хилофати араб барои забти Сугд боз лашкар кашид.

Нихоят, соли 721 Сугдиён ба танг омада, як гурухашон бо сардории хокими Той (райони Каттақурғони хозира) – Карзанч ба Хуҷанд ва гуруҳи дигарашон бо сардории Деваштич ба болооби Зарафшон рафтанд. Гурӯҳи якум дар атрофии Хуҷанд ва гурӯҳи дуюм дар Қалъаи Абаргар, ки холо бо номи Қалъаи  Муғ машҳур аст, соли 722 аз қушуни араб торумор гардиданд. Хамон солхо истилогарони Араб Панҷакенти қадимро низ ба хок яксон карданд ва шахр барҳам хурда буд.

Ҳафриёти Панҷакенти қадим давом дорад. Панҷакенти қадим имрӯзҳо яке аз ёдгориҳои машҳури археологии Тоҷикистон мубаддал гаштааст.  ПАНҶАКЕНТИ ҲОЗИРА

Соли 1919 ҳамчун волост ташкил шудааст. Соли 1925 ҳамчун округи Панҷакент таъсис ёфтааст.

Аз 23- ноябри соли 1930 хамчун райони маъмури дар вилояти Ленинободи РСС Тоҷикистон ташкил шудааст. Дар водии Зарафшон вокеъ гашта, бо райони Айни ва вилоятхои Самарқанд, Ҷиззах, Қашқадарё, Сурхандарёи Ҷумхурии Ӯзбекистон ҳамҳудуд аст. Масоҳаташ 3,67 хаз.км2.

Аҳолии 256700 – нафар. Релефаш кӯҳи. Панҷакентро се қаторкӯҳ бурида мегузарад: дар шимол- Туркистон, дар мобайн – Зарафшон, дар ҷануб – Ҳисор. Иқлим континенталӣ