Таърихи ноҳия 2018-01-13T17:57:27+00:00

Дирӯз ва имрузи Панҷакент

Панҷакент шаҳри қадимӣ, маркази калони маъмурӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии Тоҷикистон мебошад. Ин шаҳр дар қисмати миёнаи ҳавзаи дарёи Зарафшон ҷойгир аст.

Панҷакент бо ёдгориҳои беназири  таърихиаш шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Ҳанӯз 5500-6000-сол муқаддам сокинони қадимтарини Панҷакент -саразмиён бо кишоварзӣ,  шаҳрсозӣ ва ҳунармандӣ машғул буда, бо кишварҳои дуру наздик робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ барқарор кардаанд.

Дар Саразм  бештар  биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ, ки то 100-150 метри мураббаъ масоҳат доранд, сохта шудаанд. Атрофи биноҳоро ҳуҷраҳои хоҷагӣ, растаҳои ҳунармандӣ иҳота намуда, онҳоро кӯчаҳои сангфарш кардашуда аз ҳам ҷудо мекунанд. Аз Саразм  миқдори зиёди бозёфтҳои моддии воридотӣ, чун лоҷуварди Бадахшон, ақиқи Қайроқум, фирӯзаи Хоразму Фарғона, маснуоти филизии шимолу шарқи Осиёи Марказӣ (тилло, нуқра, мису қӯрғошим) ёфта шудаанд.

Бо дастгирӣ  ва супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2004-2008 5 иншооти ёдгорӣ болопӯш ва атрофи он бо панҷара иҳота карда шудаанд.

Соли 2010 бо қарори ЮНЕСКО ёдгории Саразм ба Феҳристи умумиҷаҳонии мероси фарҳангӣ шомил гардид.

Панҷакенти қадим-шаҳраки давраи асри миёнагӣ (садаҳои V-VIII) буда, бо бозёфтҳои сершумор ва офаридаҳои санъат дар ҷаҳон шӯҳратёр аст. Таҳқиқоти ёдгорӣ  аз соли 1954 ба баъд аз ҷониби олимони Санкт-Петербурги Федератсияи Русия ва Тоҷикистон бурда мешавад. Ин ду ёдгорӣ ва ёдгориҳои дигари таърихию фарҳангии Панҷакент қадамҷои сайёҳони ватанию хориҷӣ мебошанд.

Панҷакент дар  замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хеле рушд кард ва ба дуюмин шаҳри калонтарини вилояти Суғд табдил ёфт. Рушди босуръати иқтисодию фарҳангии Панҷакент дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон азиз ба амал омад.

Шаҳри Панҷакент дорои 14 ҷамоати деҳот (Амондара, Ворӯ, Ёрӣ, Косатарош, Лоиқ Шералӣ, Моғиён, Рӯдакӣ, Саразм, Халифа Ҳасан, Хурмӣ, Фароб, Чинор, Шинг, Сӯҷина) мебошад. Аҳолии шаҳру деҳоти Панҷакент ба 1 январи соли 2013 кариб 260 ҳазор нафар аст. Қисмати азими аҳолӣ тоҷикон мебошанд. ӯзбекҳо, русҳо ва намояндагони дигар миллатҳо низ ин ҷо сукунат доранд.

Шаҳри Панҷакент, ки дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим воқеъ гардидааст, дар ҳамаи давру замонҳо арсаи нангу номуси мардуми шуҷоъ баҳри озодӣ ва наҷоти марзу буми аҷдодӣ будааст. Ин ҷо зодгоҳи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аст, ки назокату балоғати шеъри порсиро  ба ҷаҳониён манзур гардондааст.

Шаҳри Панҷакент, ки дар Шоҳроҳи Бузурги Абрешим воқеъ гардидааст, дар ҳамаи давру замонҳо арсаи нангу номуси мардуми шуҷоъ баҳри озодӣ, ватану ватандорӣ ва наҷоти марзу буми аҷдодӣ будааст. Ин ҷо саромади Суғди бостон, Деваштичу Спитамени номвар ва диловар, зодгоҳи асосгузори адабиёти классикии тоҷику форс, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, шоири тавоно Лоиқ Шералӣ, садҳо адибону олимон аст, ки назокату балоғати шеъри порсӣ, илму маърифати олиро  ба ҷаҳониён манзур гардондаанд. Панҷакент диёри мардуми ҳунарманд, шаҳрсозу неъматофарин, хирадманд, фарҳангдӯст, тамаддунсоз ва меҳнатқарин аст.

20-соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими низоми нави давлатдорӣ  нерӯи созандаи ҷомеаҳои меҳнатиро такон бахшид. Ташаббус ва нерӯи тавонои мардуми шаҳри Панҷакент  бахусус дар солҳои ҷашнҳои бузурги 1150-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ҷашну санаҳои таърихӣ бештар ба зуҳур омад. Дар ин солҳо иқтисодиёти Панҷакент хеле рушд кард, шаҳру деҳот боз ҳам ободу зебо гардиданд. Дар панҷ соли охир бо маблағгузории давлат, созмонҳои байналхалқӣ, соҳибкорон бештар аз 100 иншооти хурду бузург сохта ба истифода дода шуданд, ки Кохи фарҳанг, толори бозиҳои дастӣ ва азнавсозии варзишгоҳи марказӣ, маҷмааи мақбараи  устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар зодгоҳи устод-деҳаи Панҷрӯд,  чойхона дар боғи истироҳати Камоли Хуҷандӣ, маҷмааи мақбараи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар ш.Панҷакент, ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ, меҳмонхона,  биноҳои истеҳсолӣ, истиқоматӣ, маъмурӣ, маишӣ, тиҷоратӣ, муассисаҳои таълимӣ, табобатӣ, фарҳангӣ, шаҳракҳои нав дар мавзеи Хамиртеппаи ҷ/д Халифа Ҳасан, Ваҳдати ҷ/д Хурмӣ аз қабили онҳо мебошанд.

Дар Панҷакент 10 корхонаи саноатӣ фаъолият мекунад, ки бузургтарини онҳо Корхонаи муштараки Тоҷикистону хитоии «Зарафшон» мебошад.

1074 хоҷагии деҳқонии ҷамоавӣ ва инфиродии кишоварзӣ намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили шолӣ, тамоку, ангуру мева, картошкаю сабзавот, маҳсулоти чорво истеҳсол мекунанд. Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар дар Панҷакент силилаи биноҳои таъиноти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бунёд гардидаанд.

Дар Панҷакент  имрӯз 134 мактаб,   134  муассисаи тиббӣ, 57 муассисаи фарҳангӣ дар хизмати аҳолии шаҳру деҳот қарор доранд.

Панҷакент- калонтарин маркази маъмурӣ дар қисмати тоҷикистонии водии Зарафшон рӯз то рӯз ободу зебо гардида, дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ҷойгоҳи шоиста пайдо мекунад.

Дар солҳои муқовиматҳои иҷтимоӣ Панҷакенти бостонӣ ба яке аз марказҳои асосии фарҳангию адабии кишвар табдил ёфта буд. Маҳз дар ҳамон солҳо театри халқии шаҳри Панҷакент ба театри касбӣ табдил дода, кохи фарҳанги геологҳо ба ихтиёри он вогузор карда шуд. Мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ фаъол буданд. Дар Панҷакент рӯзномаю маҷаллаҳо, китобҳо мунтазам нашр мешуданд. Панҷакент садҳо нафар фирориёнро аз шаҳри Душанбе ва минтақаҳои дигари ҷангзада ба оғӯши гарми худ гирифта буд. Ҳамзамон кӯмакҳои хайрияи меҳнаткашони Панҷакент ба ин шаҳру минтақаҳо фиристода мешуданд. Ҳукумати Тоҷикистон кӯшишу талошҳо, ҳимматбаландӣ, фарҳангу фаросати мардуми Панҷакентро ҳамеша қадр мекард ва ба он баҳои баланд медод. Корҳои неку шоиста ва фазилатҳои олию азалии инсонпарварӣ, ватандорӣ ва фарҳангии мардуми диёрамонро натиҷагирӣ карда, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷамъбасти яке аз сафарҳои корӣ дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Панҷакент бо самимият ва ифтихори бузург гуфта буданд:

-Панҷакентиён мардуми бофарҳанг ва тамаддунсозанд.

Ин баҳои олии Сарвари давлат мардуми Панҷакентро ба кору пайкорҳои нав рӯҳбаланд намуд.

Болоравии сатҳи зиндагии шаҳрвандон, бунёди иншоотҳои хурду бузург, ободонии шаҳру деҳот – чунинанд номгӯи мухтасари корҳои созандагию ободонӣ дар қаламрави Панҷакенти бостонии мо дар ҳамбастагӣ бо тамоми мардуми Тоҷикистон ва нерӯҳои созандаи кишвар. Дар як муддати кӯтоҳ бунёд шудани шаҳраки нави Саразм дар қисмати ғарбии ҳаммарз бо Ҷумҳурии  ӯзбекистони ҳамсоя яке аз самараҳои Ваҳдат ва ҳамдилии миллатҳои кишварамон мебошад. Дар бунёди он шаҳрвандони тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, як қатор созмонҳои байналхалқӣ саҳм гирифтанд ва дар бадали ду- се моҳ як шаҳраки зебои ҳозиразамон сохта шуд. Дар ин радиф баргузор шудани чандин чорабиниҳои фарҳангиро низ номбар кардан мумкин аст. Дар Панҷакент майдонҳо, фаввораҳои наву зебо сохта, пайкараҳои фарзанди ҷасури халқи тоҷик Деваштич, Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ, Шоири Халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ, ҳавонаварди диловари панҷакентӣ Ойгул Муҳаммадҷонова гузошта шуданд.

Мавриди зикр аст, ки мардумони шаҳру деҳоти Панҷакент дорои табиати ором буда, раҳмгин ва меҳмоннавозанд. Панҷакентиён таҷрибаи бузурги дар миёни қавму миллатҳои дигар бо сулҳу салоҳ зистанро андӯхта, фарзандони худро низ дар ин рӯҳия, бо ахлоқу одоби хамида ба воя мерасонанд.

Ҳоло танҳо дар қаламрави шаҳру деҳоти Панҷакент намояндагони 32 қавму миллат дар ҳамбастагӣ ва ризоият зиндагӣ ба сар бурда, барои болоравӣ ва рушди соҳаҳои истеҳсолот, илм, фарҳанг, маориф дӯш ба дӯши ҳамдигар истода, ба меҳнат ва фаъолияти созандагӣ машғуланд. Густариши равобити ҳасана миёни миллатҳои гуногуни диёри бостонии мо барои боло рафтани иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ беҳ гардидани сатҳи зиндагии мардум, сол то сол ободу зебо шудани шаҳру деҳот  замина фароҳам оварда ба солим гардидани ҳусни  ҳамҷаворӣ, дӯстиву рафоқат мусоидат мекунад. Роҳбари хирадманди мамлакат борҳо ба Панҷакент ташриф овардаву бо мардум мулоқотҳо ороста, ниёзҳояшонро бароварда сохтаанд, Панҷакентро хазинаи тиллоии кишвар хондаанд, ки аз ин кулли ҳамдиёрони устоди бузурги назм Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ минатпазиранд.

Бо ташаббуси наҷиби фарҳангпарваронаву ватандӯстонаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Панҷакент бо қадамҳои устувор рушду нумӯъ мекунад. Бо мақсади истиқболи созовори ҷашни 1150-солагии султони шоирони ҷаҳон, устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёд ва тармиму азнавсозии шаҳри Панҷакент, як қатор   иншооти  фарҳангиву иҷтимоӣ, аз ҷумла таҷдиди бинои осорхонаи ҷумҳуриявӣ таъриху кишваршиносӣ, бо панҷара иҳота намудани атрофи ёдгории Саразм, бунёди мақбараи устод Рӯдакӣ бо услуби таърихиву замони Сомониён, боғи нав дар ҳудуди он, осорхона ва чойхона дар зодгоҳи устод-деҳаи Панҷрӯд, варзишгоҳи шаҳр, таъмиру роҳҳои дохилии шаҳр сохтмони пули Ғезани Поён, корҳои соҳилмустаҳкамкунии дарёи Рӯдак ва каналҳои Марғедару Халифа Ҳасан ба истифода дода шуданд, ки бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ 18 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Дар маҷмӯъ аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати кишвар, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Панҷакент, ҳамчунин соҳибкорон бештар аз 40 иншооти ҷашнӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Корҳои ободонию созандагӣ минбаъд низ суръати тоза пайдо намуданд. Иштирок ва суханрониҳои Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмонони ватанию хориҷӣ аз 22 кишвари дунё дар танатанаҳои ҷашни 1100-солагии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар зодгоҳи устод-деҳаи Панҷруд ва шаҳри Панҷакент, чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ дар доираи ин ҷашн ғояи ваҳдати миллиро боз ҳам густариш бахшида, ба намоиши дурахшони дастовардҳои мардуми кишвар дар роҳи сулҳу субот гардид.

Мардуми диёр дар роҳи сазовор истиқбол гирифтани ҷашнҳои фархундаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, 15-солагии Ваҳдати миллӣ, 20-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои бузурги созандагию ободониро ба иҷро расонданд. Танҳо дар се соли охир дар Панҷакент бештар 100 иншооти таъиноти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ бунёд гардид, ки миёни онҳо муҷтамеъи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ, ҳавзи болопӯшидаи шиноварӣ, меҳмонхона, пулҳои мошингузар, силсилабиноҳои мактабҳо, муассисаҳои табобатӣ мебошанд. Соли гузашта се кӯчаи марказии шаҳр бо маблағи буҷети шаҳр бори аввал дар си соли охир мумфарш карда шуданд