Фарҳанг 2018-01-13T17:59:20+00:00

Панҷакент бо фарҳанги воло ва чеҳраҳои  маъруфи илмию адабӣ шӯҳратёр аст. Чароғи маҳфили адабӣ, ки 1150 сол муқаддам сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  фурӯзон карда буд, имрӯз низ ба шарофати хизматҳои бузурги устодон Лоиқ Шералӣ,  Убайд Раҷаб, Ҷумъа Одина, Мастон Шералӣ, Файзулло Ансорӣ, ӯрун Кӯҳзод, Камол Насрулло, Баҳманёр, Сорбон, Меҳринисо, Абдурофеъ Рабиев, Юнус Юсуфӣ ва даҳҳо адибони номвари ин диёр  нурафрӯз буда, ба дилҳо ва ақлҳои мардум ғояҳои бузурги одамият ва инсонпарвариро талқин месозад.

Аҳли фарҳанг дар чорабиниҳои  гуногуни давлатию оммавӣ ширкат меварзанд ва ҳамосаи Истиқлолро бо барномаҳои ҷолибу рангин манзури ҳамагон месозанд. Дари Кохи фарҳанг, 30 китобхона, 11 хонаи фарҳанг, 11 клуб, 1 театри халқӣ, 1 мактаби санъат, 2 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ барои алоқамандон ҳамеша боз аст. Ансамбли «Навои Панҷакент» зодаи Истиқлолият буда, мероси бузурги маънавии халқамон-Шашмақом ва ансамбли халқӣ –этнографии «Марворид» савту навои мардумиро пешкаши аҳли завқ месозанд.