Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Хабарҳои охирин

ҳамаи хабарҳо

2024-04-25 12:12:33

ДАР «БАҲОР” БОҒ БУНЁД МЕКУНАНД

Бунёди боғу токзор ва афзун намудани истеҳсолу содироти мева аз масъалаҳои муҳиме аст, ки бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҷойгоҳи хосаро соҳиб аст.
Дар ин замина ва бо супориши муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент бунёди боғи навъҳои гуногуни меваро дар маркази таваҷҷӯҳ қарор додааст.
Зимни боздид аз боғҳои навбунёди хоҷагиҳои деҳқонии деҳаи Дашти Қозӣ раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ба фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Баҳор” дар ин самт баҳои баланд дод.
Гуфта шуд, ки ин баҳор аъзоёни хоҷагӣ дар майдони 4.2 гектар 4000 бех ниҳоли ҳулул,1250 бех олуи сиёҳ,2,5 ҳазор бех себ, 700 бех чормағзи паканаи навъи амрикоии “чандлер” шинонидаанд.
Саҳмдори хоҷагии деҳқонии “Тавҳид” Абдуқайюм Набиев бошад дар майдони 1,3 гектар ниҳоли зардолу, биҳӣ ва ангур шинонидааст ва онҳо аллакай сабз шудаю гул кардаанд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ӯ дар канори ин боғи навбунёд ниҳоли тут низ мешинонад.

2024-04-25 12:08:19

СУХАН АЗ ИҶРОИ ҚОНУНҲО

Соли равон бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шуда, дар доираи он чорабиниҳои гуногун баргузор карда мешаванд.
Прокуратураи шаҳри Панҷакент дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимиятии давлатии шаҳр, сохторҳои мақомоти маъмурии шаҳр бо мақсади назорат ба рафти иҷрои қонунҳои миллӣ, фаъолияти муассисаҳои таълимӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фаҳмонидани хатари гароиш ба хурофот ва ақоиди ифротӣ гурӯҳҳои корӣ созмон дода, дар ҷамоатҳои деҳот корҳои назоратӣ ва тарғиботиро роҳандозӣ менамояд ва натиҷаҳои санҷиш дар ҷамъомад бо доираи васеъи аҳолӣ ва шахсони масъул мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Чунин мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳотиСӯҷина баргузор шуда, дар он прокурори шаҳр, мушовири адлияи дараҷаи якум Искандар Раҳматзода оид ба натоиҷи санҷиши гурӯҳи корӣ, аз ҷумла пешгирии гароиш ба ақидаҳои ифротӣ, хатари амалҳои террористию экстремистӣ, сухан карда, нуктаҳои асосии Қонунҳо “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “ Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”-ро ба ҳозирин шарҳ дод.
Ҳамчунин таваҷҷӯҳи волидон ва масъулони муассисаҳои таълимӣ ба аз байн бурдани ҳодисаҳои дермонии хонандагон ба дарс, азхуд намудани барномаҳои таълимӣ, роҳбарони ҷамоати деҳот ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба иҷрои саривақтии нақшаи кишти баҳорӣ ҷалб карда, ба саволҳои ҳозирин посух гуфта шуд.
Тибқи нақша чунин санҷишу мулоқотҳо дар ҳамаи ҷамоатҳои деҳот баргузор карда мешавад.

2024-04-25 12:05:56

ҲУНАРИ БОНУВОНИ ПАНҶАКЕНТ БОИСИ ТАҲСИН ГАШТ

Дар даврони истиқлол бо дастуру роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ афзуда, ба ин хотир ҳамасола озмунҳо баргузор шуда, бонувони ҳунарманд аз дастгирии Ҳукумати мамлакат барои сайқали ҳунари худ бархурдор мешаванд.
Ҳунари бонувони Панҷакент дар фестивал- озмунҳои “Сад ранги чакан” ва “Кадбонуи беҳтарин”, ки дар Боғи Ирам, амфитеарти “Аҳорун” ва Боғи Куруши Кабири пойтахти мамлакат баргузор шуд, сазовори таҳсини тамошобинони зиёд ва Сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи наздди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

2024-04-25 12:03:42

Шимпей ИТО – «МАН МАФТУНИ ВАТАНИ ШУМО ГАШТАМ»

Бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлол робитаҳои гуногунҷабҳаи кишвари мо бо мамолики ҷаҳон густариш ёфта, ёдгориҳои беназири таърихӣ ва манзараҳои нотакрори табиии он мавриди таваҷҷӯҳи ҷаҳониён қарор гирифт.
Нависанда,муҳаррир, аксбардор ва блогери машҳури Ҷопон Шимпей Ито аз ҷумлаи онҳое аст, ки ба ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хоса дорад. Ӯро дар ин сафар ба Тоҷикистон дар гузаргоҳи гумрукии Саразм намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ширкатҳои сайёҳӣ пазироӣ намуданд.
Боздид аз шаҳраки бостонии Саразм, Панҷакенти қадим, осорхонаи ҷумҳуриявии ба номи Рӯдакӣ ва оромгоҳи сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар Панҷруд ба ҷаҳонгарди ҷопонӣ таассуроти амиқ гузошт.
-Ман мафтуни Ватани шумо гаштам ва дидаю шунидаҳоямро барои ҳамватанонам муаррифӣ хоҳам кард,- иброз дошт Шимпей Ито ҳангоми гусел.

2024-04-24 10:06:10

ЧӮПОН БА САРИ САНГ, ЧАРИДАН РАМА ДОРАД

Дар даврони истиқлол чорвопарварӣ дар заминаи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд карда, таъминоти аҳолӣ бо маҳсулоти чорво беҳтар гашт.
Як қисмати моли майдаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолӣ дар минтақаҳои ҷануби кишвар ва қисмати дигар дар ҳудуди шаҳр зимистон мегузаронанд. Аз ҷумла, рамаи гӯсфандони хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳавзак, “Камар”, ба номи Нишонов асосан дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент парвариш карда мешаванд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид аз чарогоҳҳои ҳудуди ҷамоати деҳот бо кору бори чӯпонҳо Фатҳулло Бобоев ва Мақсуд Исрофилов шинос шуд.
Тавре иттилоъ доданд, рамаи ин чӯпонҳо, ки собиқаи зиёди корӣ доранд, зимистонро бе душворӣ паси сар намудаанд ва аз ҳамаи мешҳо насли солим низ гирифтаанд.
Зимнан , ҳоло дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳри Панҷакент беш аз 219 ҳазор сар моли майда парвариш карда мешавад.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

2024-04-05 09:36:34

Дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент:
1. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1825, 25 сомонӣ
2. Мудири бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1497, 45 сомонӣ
3. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ
4. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент:
5. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
6. Сармутахассиси шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
8. Мутахассиси пешбари бахши саноат, нақлиёт ва хизматрасонӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
9. Мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
Ҷамоатҳои деҳот:
10. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
11. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
12. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзи Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
13. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
14. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
15. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
16. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
17. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
18. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
19. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Ворў – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
20. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Ворӯ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
21. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ворӯ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
22. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1361,20 сомонӣ.
23. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
24. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
25. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
26. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
27. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
28. Сармутахассис оид ба омори Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
29. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
30. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
31. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
32. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
33. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
34. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
35. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
36. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
37. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20сомонӣ.
38. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Фароб –1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ
39. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
40. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ
41. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
42. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20сомонӣ.
43. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
44. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
45. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
46. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Сӯҷина – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
47. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
48. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
49. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
50. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Ёрӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
– эъломия оид вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
– маълумотнома аз ҷои зист.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири шуъба:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири бахш:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси
пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Панҷакент, хиёбони Рўдакӣ 122, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ошёнаи 2, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент, телефон барои маълумот: 5–53–52, 5–72–25, почтаи электронӣ mimhd_panjakent@mail.ru
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон.

ДАЪВАТ БА КОР

2023-08-02 08:27:00

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ
ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент
1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012, 60 сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012, 60 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
3. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236, 70 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва савдо - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
5.Мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
Ҷамоатҳои деҳот
6. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Амондара– 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
8. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
9. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Амондара– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 913 сомонӣ.
10. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Ёрӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
11. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Ёрӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
12. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Ёрӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
13. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
14. Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
15. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
16. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
17. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Ворў – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
18. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ворӯ- 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
19. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
20. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
21. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
22. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
23. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
24. Сармутахассис оид ба омори Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
25. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
26. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Саразм– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 913 сомонӣ.
27. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
28. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
29. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1012,60 сомонӣ.
30. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
31. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Шинг– 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
32. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.31.
33. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
34. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Шинг– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1012,60 сомонӣ.
35. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
36. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Фароб– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 913 сомонӣ.
37. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Косатарош– 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
38. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Косатарош– 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
39. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
40. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
41. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Сӯҷина– 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
42. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
43. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сӯҷина – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
44. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Чинор– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
45. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ -913 сомонӣ.
46. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Моғиён– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1012,60 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ - аз нозироти андоз;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ аз ШВКД;
- маълумотнома аз ҷои зист.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансабӣ сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо аҳли ҷомеа, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансабӣ мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансабӣ мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Панҷакент, хиёбони Рўдакӣ 122, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ошёнаи 2, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент. Телефон барои маълумот: 5-53-52, 5-72-25, почтаи электронӣ mimhd_panjakent@mail.ru
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон.
Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр