Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Хабарҳои охирин

ҳамаи хабарҳо

2024-04-04 13:55:17

МУЛОҚОТ БО ИНТИХОБКУНАНДАГОН

Дар заминаи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, супориши муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ва нақшаи баргузории вохӯриҳои вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар толори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 71 ва 3 мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят, аз ҳавзаи интихоботии Панҷакент, № 3, раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода бо интихобкунандагон баргузор шуд.
Дар мулоқот аз фаъолият ба ҳайси вакили Маҷлиси вилоятӣ, рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳр дар семоҳаи аввали соли равон гузориш ироа шуда, зимни он таваҷҷӯҳи интихобкунандагон ба мӯҳтаво ва нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин, иҷрои Қонунҳои миллӣ “ Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии гароиш ва шомилшавии ҷавонон ба ақида ва созмонҳои ифротӣ дар пасманзари амалҳои террористӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Руссия, дигар минтақаҳои доғи сайёра, дода нашудан ба ақоиди ифротӣ ва хурофотӣ ҷалб карда шуд.
Ҳамчунин нисбат ба афзудани таваҷҷӯҳи бархе аз сокинон ба сафари Ҳаҷҷи умра изҳори назар карда, аз онҳое, ки чунин ният доранд, дархост шуд, ки моҳи Рамазонро чун фурсати беҳтарин барои вусъат додани амалҳои хайру савоб дар ҳаққи ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоату бесаробонмонда, ниёзмандону дармондагон ва наздикону пайвандон, саҳмгузорӣ дар корҳои ободонии маҳали зист истифода намоянд, ки савоби онҳо нисбати чунин сафарҳо бештар аст.
Дар робита ба тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, азиз доштану содиқ будан ба арзишҳои миллӣ, ба хидмати ҳарбӣ, ҳифзи марзу буми кишвар омода намудани ҷавонон, тарбияи ҳуқуқии онҳо дар Соли маърифати ҳуқуқӣ аз падару модарон, омӯзгорон талошу кӯшиши бештар тақозо карда шуд.
Ҳамчунин таваҷҷӯҳи интихобкунандагон ва сокинони шаҳр ба ҳифзи муҳити зист, манбаъҳои об, тозаву озода нигоҳ доштану сабзкорӣ намудани маҳалли зист, ки аз ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат бармеояд, истифодаи босамари ҳар қитъа замин, тезонидани кишту кори баҳорӣ ҷалб карда шуд.
Интихобкунандагон ҷонибдориашонро аз сиёсати Пешвои муаззами миллат, омодагиашонро ба заҳмати содиқона барои рушди кишвар изҳор доштанд.
Дар мулоқотҳо ба саволу дархост ва муроҷиатҳои интихобкунандагон оид ба масъалаҳои мавриди назарашон посух дода шуд.

2024-04-04 13:36:22

КИШОВАРЗОН КИШТИ БАҲОРИРО ВУСЪАТ МЕДИҲАНД

Дар заминаи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода кишоварзони шаҳри Панҷакент бо истифода аз ҳавои мусоид кишти баҳориро вусъат медиҳанд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид бо рафти кишти баҳорӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти деҳоти Сӯҷина, аз ҷумла кишти картошка, карами барвақтӣ, ниҳолпарварӣ дар хоҷагиҳои деҳқонии “Шералӣ”, “Шӯҳрат” ва “Бозор” шинос шуда, ба деҳқонон ҷиҳати истифодаи босамари ҳар қитъа замини кишт, дар мӯҳлати кӯтоҳ анҷом додани кишти барвақтӣ, хоса зиёд намудани майдони кишти картошка ва афзун гардонидани маҳсулоти кишоварзӣ дастур дода шуд.
Таҷрибаи кишти карами барвақтӣ, ки чанд сол боз деҳқонони Сӯҷина машғул ҳастанд ва он аллакай оғози моҳи июн ба бозор бароварда мешавад, шоиста ва арзандаи дастгирӣ дониста шуд.
Дар ин рӯз раиси шаҳр ҳамчунин бо рафти кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти Саразм шинос гардид ва барои истифодаи васеъи таъҳизоти картошкашинонӣ, ки суръати киштро метезонад, дастур дода шуд.

2024-04-04 13:33:24

ДАР СӮҶИНА ОБОДКОРИҲО ИДОМА МЕЁБАД

Дар доираи нақшаи омодагиҳо ба 35 – солагии истиқлоли давлатии кишвар тибқи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дар Ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент домани корҳои ободонӣ васеъ мешавад.
Аз ҷумла, соҳибкор Даурбек Эгамбердиев ҳоло ба бунёди маҷмааи хидматрасонӣ, ки аз тарабхона – чойхона, ҳаммом бо тарҳи зебо бо унсурҳои миллӣ, машғул аст. Ин ҷо баъди бунёд ба маркази зарурии хидматрасонӣ барои аҳли деҳа табдил хоҳад шуд.
Собиқ сарвари мактаби деҳа Фароғат Урунова бошад, баъди ба нафақа баромадан ба соҳибкорӣ рӯ овард ва дар паҳлӯи замини наздиҳавлигиаш бинои дуқабата бунёд кардааст. Ҳоло он ҷо корҳои ороишӣ идома дорад ва баъди анҷоми онҳо коргоҳи хурди дӯзандагӣ, дорухона ва мағозаи хурокворӣ мавриди истифода қарор мегирад ва 15 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.
Дар деҳаи Дашт бошад бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва саҳмгузории сокинон сохтмони бинои дуқабата бо 14 синфхона дар назди МТМУ № 69 идома дорад. Ҳамчунин сокинони деҳа барои ба тартиб овардани ҳудуди оромгоҳи деҳа ва сохмони айвон дар канори он машғул ҳастанд.
Раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода зимни боздид аз Ҷамоати деҳот аз рафти бунёди ин иншоотҳо дидан намуда, ба соҳибкорон ва сокинон барои ин иқдом изҳори сипос намуд ва ҷиҳати бо сифати хуб ва дар мӯҳлати кӯтоҳ ба истифода додани онҳо дастур дод.

2024-04-04 13:30:19

ТАНӮРАШ СУРХРӮ АЗ ОТАШИ ГУЛ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон ва ходимони дин ба мардуми кишвар муроҷиат намуда , таъкид доштанд, ки “Худованд бандаро ҳаст кардааст, ақл додааст, чашм додааст, обу хоку заминро дар ихтиёраш гузоштааст, ки зиндагӣ кун, аз ин дунё баҳра бар, ақлатро кор фармо, ба замона мутобиқ шав, пойбанди хурофот нашав, илм омӯз, касб омӯз, ҳунар омӯз ва зиндагиатро пеш бар”.
Сокини деҳаи Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент, соҳибкор Муродҷон Ҳасанов ба ин муроҷиати Пешвои миллат бо кори амалӣ ҷавоб гардонид ва дар маркази деҳа, паҳлӯи шоҳроҳ нонвойхонаи замонавӣ бо 5 ҷои кор бунёд намуд.
Зимни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, ки соҳибкор барои ин коргоҳи хурд ду танӯри гунҷоишаш 100 нонро аз шаҳри Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон оварда, насб кардааст. Ҳамчунин он ҷо таҷҳизоти замонавӣ насб шудааст, ки аз зуволаи хамир нон омода мекунад ва пасон онро дар танӯрҳо, ки бо газ тасфонида мешаванд, мепазанд.
Аллакай, нонҳои ширмоли хушмаззаи нонвойхонаи “Муродҷон” дар деҳа ва байни мусофирон, ки аз шоҳроҳ мегузаранд, харидорони зиёд пайдо намудааст.
Статистика и объявления
Все реакции:
Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент и ещё 32

2024-04-04 13:27:48

ГАРМХОНАИ ЗАМОНАВӢ БУНЁД МЕШАВАД

Дар заминаи дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд, муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо муоидати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар канори шарқии шаҳр дар масоҳати як гектар гармхонаи замонавӣ бунёд мешавад.
Ҳангоми боздид раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода ин иқдоми соҳибкор Муродқул Юсуфовро шоиста арзёбӣ намуд.
Ҳоло ҳама таҷҳизоти зарурӣ аз Ҷумҳурии Чин дастрас шуда, бо ҳамкорӣ бо мутахассисони Ӯзбекистон насби онҳо идома дорад.
Дар ин гармхонаи замонавӣ бо насби таҷҳизоти обёрию ғизодиҳии қатрагӣ намудҳои гуногуни сабзавот ва меваҳои субтропикӣ парвариш карда, барои даҳҳо нафар ҷои кор муҳаё мегардад.

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:

2024-04-05 09:36:34

Дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент:
1. Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1825, 25 сомонӣ
2. Мудири бахши молия ва муҳосиботи дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1497, 45 сомонӣ
3. Мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ
4. Мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент:
5. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
6. Сармутахассиси шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод, савдо ва мониторинги мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
8. Мутахассиси пешбари бахши саноат, нақлиёт ва хизматрасонӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
9. Мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
Ҷамоатҳои деҳот:
10. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
11. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
12. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзи Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
13. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
14. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
15. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
16. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
17. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
18. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
19. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Ворў – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
20. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Ворӯ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
21. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ворӯ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
22. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1361,20 сомонӣ.
23. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
24. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
25. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
26. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
27. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
28. Сармутахассис оид ба омори Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
29. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
30. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
31. Мутахассиси пешбари андози Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
32. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
33. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
34. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
35. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
36. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
37. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20сомонӣ.
38. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Фароб –1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ
39. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
40. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ
41. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
42. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20сомонӣ.
43. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Косатарош – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
44. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
45. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
46. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Сӯҷина – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
47. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ –1112,20 сомонӣ.
48. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1112,20 сомонӣ.
49. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
50. Сармутахассис оид ба корҳои омори Ҷамоати деҳоти Ёрӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1361,20 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
– ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона расми андозаи 4х6);
– тарҷумаи ҳол;
– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
– маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038 УЕ;
– нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
– эъломия оид вазъи молумулкӣ ва маълумот дар бораи супоридани эъломия оид ба андоз аз даромад;
– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
– маълумотнома оид ба таъқиби ҷиноятӣ (доғи судӣ, суд шудан, рад ё қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ);
– маълумотнома аз ҷои зист.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири шуъба:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири бахш:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– 3 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 4 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис:
– 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ва ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
– дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо тобеон;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси
пешбар:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис:
– таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
– малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
– малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Панҷакент, хиёбони Рўдакӣ 122, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ошёнаи 2, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент, телефон барои маълумот: 5–53–52, 5–72–25, почтаи электронӣ mimhd_panjakent@mail.ru
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон.

ДАЪВАТ БА КОР

2023-08-02 08:27:00

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ МАҲАЛЛИИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ПАНҶАКЕНТ БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ
ХОЛИИ ЗЕРИН ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
Дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент
1. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012, 60 сомонӣ.
2. Мутахассиси пешбари шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр – 1 ҷой, маоши мансабӣ – 1012, 60 сомонӣ.
Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
3. Сармутахассиси шуъбаи кор бо занон ва оила - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236, 70 сомонӣ.
4. Мутахассиси пешбари шуъбаи иқтисод ва савдо - 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
5.Мутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ - 1 ҷой, маоши мансабӣ – 913 сомонӣ.
Ҷамоатҳои деҳот
6. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Амондара– 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
7. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
8. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Амондара – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
9. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Амондара– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 913 сомонӣ.
10. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Ёрӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
11. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Ёрӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
12. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Ёрӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
13. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ёрӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
14. Сармутахассис - сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ– 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
15. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
16. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1012,60 сомонӣ.
17. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Ворў – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
18. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Ворӯ- 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
19. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
20. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
21. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
22. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Рўдакӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
23. Сармутахассис – сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
24. Сармутахассис оид ба омори Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
25. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
26. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Саразм– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 913 сомонӣ.
27. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Саразм – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
28. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
29. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1012,60 сомонӣ.
30. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
31. Сармутахассис оид ба дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Шинг– 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
32. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.31.
33. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
34. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Шинг– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1012,60 сомонӣ.
35. Сармутахассис – заминсози Ҷамоати деҳоти Фароб – 1 ҷой, маоши мансабӣ - 1236,70 сомонӣ.
36. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Фароб– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 913 сомонӣ.
37. Мутахассиси пешбар оид ба кишоварзии Ҷамоати деҳоти Косатарош– 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
38. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Косатарош– 1 ҷой, маоши мансабӣ - 913 сомонӣ.
39. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
40. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Хурмӣ – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
41. Сармутахассис - заминсози Ҷамоати деҳоти Сӯҷина– 1 ҷой, маоши мансабӣ -1236,70 сомонӣ.
42. Мутахассиси пешбар оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Шинг – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
43. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Сӯҷина – 1 ҷой, маоши мансабӣ -1012,60 сомонӣ.
44. Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Чинор– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1236,70 сомонӣ.
45. Мутахассиси андози Ҷамоати деҳоти Чинор – 1 ҷой, маоши мансабӣ -913 сомонӣ.
46. Нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Моғиён– 1 ҷой, маоши мансабӣ- 1012,60 сомонӣ.
Барои иштирок дар озмун
ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба унвони роҳбари мақоми давлатӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);
- тарҷумаи ҳол;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотнома оид ба вазъи саломатӣ дар шакли 038;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- эъломия дар бораи даромад ва вазъи молумулкии худ - аз нозироти андоз;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
- маълумотнома оиди надоштани доғи судӣ аз ШВКД;
- маълумотнома аз ҷои зист.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансабӣ сармутахассис:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда тавонад, дониш ва малакаи роҳбарӣ, идоракунӣ, банақшагирии раванди кор ва кор бо аҳли ҷомеа, маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.
- 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансабӣ мутахассиси пешбар ва нозири мизи ҳарбӣ:
- таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Талаботи тахассусӣ
барои ишғоли мансабӣ мутахассис:
- таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;
- малакаи кор бо компютер.
Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо
Шаҳри Панҷакент, хиёбони Рўдакӣ 122, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, ошёнаи 2, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Панҷакент. Телефон барои маълумот: 5-53-52, 5-72-25, почтаи электронӣ mimhd_panjakent@mail.ru
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон.
Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳр