Мулоқоти иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Шинг

27феврал иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Панҷакент Холиқзода Абдухолиқ дар доираи мулоқоту вохӯриҳо бо сокинони Ҷамоати деҳоти Шинг ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Шинг мулоқот намуд.Дар мулоқот таъкид карда шуд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26-уми январи соли равон ироа гардид, фарогири тамоми самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар буда, роҳнамои ҳар як фард ба зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин дар асоси нақшаи тарҳрезинамудаи мақомоти иҷрояи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент омӯзиши Паёми Пешвои миллат ҳамарӯза миёни сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент ба роҳ монда шудааст.Бо ёдоварӣ аз нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда шуд, ки новобаста аз вазъи мураккаби ҷаҳон дар соли 2020 дар Тоҷикистон соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рушд намуда, дастовардҳо афзун гардиданд. Тавре ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ изҳор доштанд, «дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси таназзули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.Дар хотимаи суҳбат Абдухолиқ Холиқзода масъулини ҷамоат, фаъолон ва соҳибкоронро вазифадор намуд, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30-солагии ҷашни истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободониро ҷоннок намуда, барои бунёди сартарошхона, ҳаммом ва дигар биноҳои ҷамъиятӣ дар ҳар як деҳаи ҷамоат саҳмгузорӣ намоянд.