Раиси шаҳр

МАЪЛУМОТНОМА 

Холиқзода Абдухолиқ Санавбар

Миллаташ тоҷик, 15 июли соли 1981 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст.

Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 июли соли 2020 1571 бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Донишгоҳҳои олии зеринро хатм кардааст:

— соли 2003 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, бо дипломи аъло (шаҳри Душанбе);

— соли 2017 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, бо дипломи аъло (шаҳри Душанбе);

— соли 2019 Донишгоҳи байналмилалии тиҷорат ва иқтисоди Ҷумҳурии Халқии Хитой, бо унвони илмӣ (шаҳри Пекин).

Ихтисос: ҳуқуқшиноси хадамоти андозу гумрук, иқтисодчӣ, иқтисоддони байналмилалӣ.

Унвони илмӣ: магистри илмҳои иқтисодӣ.

Забондонӣ: русӣ, англисӣ ва хитоӣ (бо луғат).

Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Ҳаммуаллифи китобҳои «Санадҳои меъёрии ҳуқуқии хизмати давлатӣ» (соли 2009), «20 соли истиқлолият: сармоягузорӣ, хусусигардонӣ, соҳибкорӣ» (соли 2011), «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ» (соли 2014) «Маҷмўи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи соҳибкорӣ» (соли 2016), «Соҳибкор чиро бояд донад?» (соли 2017) мебошад.

Кор ва фаъолияти собиқа:

— солҳои 1998 — 2003 донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

— солҳои 2003 — 2008 ёрдамчии адвокат, адвокат дар маслиҳатхонаи ҳуқуқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, сармушовир оид ба кадрҳо ва муовини раиси Адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— солҳои 2008 — 2010 сармутахассис ва муовини сардори шўъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии хизмати давлатӣ ва муовини сардори шӯбаи таъминоти ҳуқуқии хизмати давлатӣ ва назорати иҷрои санадҳои хизмати давлатӣ дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— солҳои 2010 — 2018 сардори шўъбаи ҳимояи ҳуқуқи соҳибкорӣ, сардори раёсати пешбурди низоми иҷозатдиҳӣ ва сардори раёсати дастгирии соҳибкорӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— солҳои 2018 — 2019 магистранти Донишгоҳи байналмилалии тиҷорат ва иқтисоди Ҷумҳурии Халқии Хитой (тибқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);

— солҳои 2019 – 2020 сардори раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— аъзои Комиссия оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2011, №307);

— аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 июни соли 2013, №АП-2257);

— аъзои гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав (аз моҳи сентябри соли 2019);

— аз моҳи феврали соли 2019 унвонҷӯи дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дар Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— аз моҳи апрели соли 2020 то ноябри соли 2020 Директори Муассисаи давлатии “Маркази татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ”-и Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 ноябри  соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Панҷакент таъин гардидааст.